Январ 03, 2017 13:39 Asia/Dushanbe
  • Осонсозии шароити зиндагӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар устони Хуросони Разавӣ

Беш аз 70 ҳазор донишомӯз (мактабхон)-и хориҷӣ дар мадрасаҳои устони Хуросони Разавӣ таҳсил мекунанд.

Мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии Хуросони Разавӣ гуфт, беш аз 60 ҳазор донишомӯзи хориҷии дорои мадорики иқоматии муътабар ва 11 ҳазор донишомӯзи хориҷии номуътабар бо осонтарин шароит ва бидуни пардохти ҳеч шаҳрияе дар мадрасаҳо (мактабҳо)-и ин устон дар канори донишомӯзони эронӣ таҳсил мекунанд.

Муҳаммади Аҷамӣ бо ишора ба иҷрои тарҳи бимаи “Саломат” барои муҳоҷирони хориҷии муқими Эрон афзуд, дар иҷрои ин тарҳ, ки ҳазинаҳои дармонии шаҳрвандони хориҷиро коҳиш медиҳад, то кунун 23 ҳазор табааи хориҷии муқими устони Хуросони Разавӣ дафтарчаи “Саломат” дарёфт кардаанд.

Мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии Хуросони Разавӣ таъкид кард, бар асоси ин тарҳ ҳамаи паноҳандагони осебпазир ё мубтало ба бемории хос аз пардохти ҳазинаи ҳаққи бима озод ҳастанд.

Аҷамӣ ҳамчунин аз иҷрои тарҳи бимаи таъмини иҷтимоӣ барои атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии муқими ин устон хабар доду гуфт, он шаҳрвандони хориҷӣ, ки дорои муҷаввизи иқомату кор дар Эрон ҳастанд, аз имсол метавонанд ҳамчун шаҳрвандони эронӣ аз имтиёзҳои бимаи таъмини иҷтимоӣ дар заминаи хадамоти дармонӣ, азкорафтодагӣ, бознишастагӣ ва фавт бархурдор шаванд.

Ин мақоми эронӣ ҳамчунин бо ишора ба баргузории давраҳои омӯзишӣ ва маҳорати вижаи атбои хориҷӣ афзуд, дар солҳои ахир ба манзури тавонмандсозӣ ва афзоиши ангезаи паноҳандагон барои бозгашт ба кишварашон, коргоҳҳои фанниву тахассусӣ барои онҳо баргузор ва заминаи шуғлии онҳо дар фазои касбу кори устон фароҳам шудааст.