Амирабдуллоҳиён : Ҳадафи ҳамалоти мушакӣ ба Покистон ,террористҳои эронии Ҷаиш Ал-зулм  будаанд
(last modified Thu, 18 Jan 2024 07:42:38 GMT )
Январ 18, 2024 12:42 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Ҳадафи ҳамалоти мушакӣ ба Покистон ,террористҳои эронии Ҷаиш Ал-зулм  будаанд
    Амирабдуллоҳиён : Ҳадафи ҳамалоти мушакӣ ба Покистон ,террористҳои эронии Ҷаиш Ал-зулм будаанд

Вазири  умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти солонаи маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод, ҳадафи ҳамалоти мушакии Эрон ба Покистонро нобудии террористҳои Эронии Ҷаиш Ал-зулм эълом кард .

Бар асоси даъват ба амал омада аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар барномаҳои иҷлоси ДОВУС 2024 ، Ҳусайн Амирабдуллоҳён вазири умӯри хориҷаи Эрон ба манзури ширкат дар барномаҳои ин иҷлос рӯзи сешанбе ворид Швейтсария шуд .

Дар ҳамин росто ва ба гузориши Ирно ; « Ҳусайн Амирабдуллоҳиён » вазири умӯри хориҷаи Эрон дируз чаҳоршанбе дар ин нишаст дар хусӯси ҳамалоти ахири Эрон ба гуруҳҳои террористӣ дар Покистон бо баёни ин,ки ҳеҷ як аз шаҳрвандони Покистон мавриди ҳамлаи мӯшак ва паҳподҳои эронӣ қарор нагирифтанд ، гуфт : Дар ин ҳамалоти гурӯҳаки террористии Ҷаиш Ал--зулмро ҳадафи қарори додем .

Амир Абдуллоҳён бо таъкид бар ин,ки Эрон ҳеҷ таъоруфе бо террористҳои дохили хоки Ироқ ва  Покистон ки амнияти Эронро таҳдид мекунанд надорад ، тасреҳ кард : Амнияти Ироқ ва Покистонро амният Эрон медонем .

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар хусӯси амалиёти алайҳи мақари ҷосӯсони саҳюнистӣ дар Арбили Ироқ бо баёни ин,ки ҳадаф гирифтани мақари Мосад дар минтақаи Курдистони Ироқ ба маънои ҳадаф қарор додани Ироқ нест ، гуфт : Эрон ҳар иқдоме, ки аз тарафи режими Исроили анҷоми бипазирадро бо қудрат посух хоҳад дод .

Амир Абдуллоҳён режими Исроилро душмани муштараки Эрон ва Ироқ донист ва бо ишора ба тавофуқномаи амниятии Теҳрон - Бағдод ، тасреҳ кард : Давлат ва  мақомоти маҳаллии Курдистони Ироқ мутаъаҳҳид шуданд амнияти марзии Эронро ҳифз кунанд дар ҳамин росто иқдоми Эрон дар чорчӯби муқобила бо сӯи истифодаи режими Исроил анҷом шуд .

Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин дар бораи ҳамалоти режими Исроил ба Бейрути пойтахти Лубнон таъкид кард : Таваққуфи наслкушӣ дар Ғазза метавонад ба таваққуфи даргириҳо дар ҷануби Лубнон ВА  Фаластин мунҷар шавад .

Амирабдуллоҳиён бо ташреҳи таҳаввулоти минтақа аз ҷумлаи даргириҳо дар Ғазза ، Лубнон ва Яман ، хотирнишон кард : « Бинёмин Нитанияҳу » нахуствазири режими Исроил бояд бидонад, ки роҳкор ҷанг нест ва бо ҷанг ، ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) нобӯд намешавад ва  асирони исроилӣ озод нахоҳанд шуд .

Вазири умӯри хориҷаи Эрон бо баёни ин,ки режими саҳюнистӣ бидуни Амрико қодир ба идомаи ҷанг нест ، бар таваққуфи ҷанг дар Ғазза ، боз шудани каридурҳои инсонӣ ва табодули асирони таъкид кард ва гуфт : Демократиктарин дидгоҳ барои ҳали масаълаи Фаластин ، идаи баргузории як ҳамаи пурсӣ байни мардуми Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ Руди  Урдун аст .

Амирабдуллоҳиён дар хусӯси музокироти лағви таҳримҳои зидди Эрон низ бо ёдоварӣ ба таҳдиҳои Амрико дар БарҶом ва ин,ки сиёсатҳои аъмолӣ « Доналд Трамп » раисиҷумҳӯри собиқ ва « Ҷу Байден » раиси умҳӯри кунӯнии Амрико ҳеҷ тафовуте бо ҳам надорад ، тасреҳ кард : Теҳрон ҳамчунон аз ҳар иқдоме, ки кумак кунад ҳамаи тарафҳо ба таъаҳҳудоти худ ба БарҶом баргарданд истиқбол мекунад ، бинобарин агар тарафи Амрико аз иродаи лозиме бархӯрдор бошад ، тавофуқ даст ёфтанӣ аст .