Январ 19, 2024 21:37 Asia/Dushanbe
  • Италия дар намоишгоҳи \
    Италия дар намоишгоҳи \"Эрон Экспо -2024\" ҳузур меёбад

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Рум ва раиси Конфедератсияи шуғлҳои кишоварзии Италия дар бораи густариши ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадризо Сабурӣ, сафири Эрон дар Рум дар ин дидор бахши кишоварзиро яке аз бахшҳои муҳим донист, ки илова бар ҷанбаи иқтисодӣ, дорои ҷанбаҳои инсонӣ ва фарҳангӣ аст.

Масимиляно Ҷиянсанти, раиси Конфедератсияи шуғлҳои кишоварзии Италия низ дар ин дидор бо ишора ба зарфиятҳои болои Эрон дар ҳавзаи кишоварзӣ гуфт: Ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ метавонад ба тавсеаи иқтисодӣ ва рифоҳи мардум кумак кунад.

Бар ин асос муқарар шуд, ҳайате аз бахшҳои гуногуни кишоварзии Италия ба манзури ҳузур дар намоишгоҳи “Эрон Экспо – 2024” муаррифӣ ва заминаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шавад.

 

Барчасп