Январ 23, 2024 16:20 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар қатъи шарёнҳои ҳаётӣ ба режими саҳюнистӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Кишварҳои исломӣ бо қатъи шарёнҳои ҳаётии режими саҳюнистӣ, иртиботи сиёсӣ ва иқтисодии худро бо ин режим қатъ кунанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯз сешанбе дар дидори дастондркорони кунгираи 24 ҳазор шаҳиди Теҳрон, бо интиқод аз амалкарди масъулони кишварҳои исломӣ дар қиболи мавзӯъи бисёр муҳимми Ғазза гуфтанд: Бархе мавқеъҳо мавзеъгириҳо ва изҳороти масъулони кишварҳои исломӣ иштибоҳ аст, зеро дар бораи мавзӯе ҳамчун оташбас дар Ғазза суҳбат мекунанд, ки аз ихтиёри онҳо хориҷ буда ва дар ихтиёри душмани хабиси саҳюнистӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Ба рағми амалкарди номуносиби масъулони кишварҳои исломӣ ва ба рағми ҳама сахтиҳо, ҳамон гуна, ки дар Қуръон омада, Худованд бо мардуми муъмин аст ва ҳар ҷо, ки Худо бошад, пирӯзӣ хоҳад буд.

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Пирӯзии мардуми Ғазза қатъӣ аст ва Худованди мутаол ин пирӯзиро дар ояндаи на чандон дур ба уммати исломӣ нишон хоҳад дод ва дилҳои мусулмонон ва дар раъси онҳо мардуми Фаластин ва Ғазза хурсанд ва хушҳол хоҳад шуд.

 

Барчасп