Тафсир. Азми Теҳрону Исломобод бар таҳкими равобит ва мубориза бо терроризм
(last modified Tue, 30 Jan 2024 16:29:29 GMT )
Январ 30, 2024 21:29 Asia/Dushanbe
  • Исрори ҷиддии масъулони Эрону Покистон барои рафъи таниши марзӣ
    Исрори ҷиддии масъулони Эрону Покистон барои рафъи таниши марзӣ

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз дидор бо масъулони аршади покистонӣ дар Исломобод, бар азми ҷиддии ду кишвар барои мубориза бо терроризм ва таъмиқи муносибот дар ҳамаи бахшҳо таъкид кард.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар посух ба даъвати ҳамтои покистонӣ ва барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти ин кишвар рӯзи душанбе дар садри ҳайате вориди Исломобод шуда буд, пас аз дидор бо нахуствазир, вазири хориҷа ва фармондеҳи артиши Покистон дар сафҳаи “Икс” навишт: Тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи мубориза бо терроризм, тавсеаи муносиботи дуҷониба дар заминаи тиҷорӣ, иқтисодӣ, илму фанноварӣ, энержӣ, сиёсӣ ва баррасии охирин таҳаввулоти минтақа, муҳимтарин меҳвари ройзаниҳо дар Исломобод буд.

Ин сафар баъд аз таҳаввулоти ахир дар муносиботи байни Эрону Покистон ва ҳамалоти анҷомшудаи Эрон ба мақари афроди террорист дар дохили Покистон ва пас аз он ҳамлаи Покистон ба як нуқтаи марзии Эрон ба баҳонаи нобудии аносири як гуруҳи террористӣ анҷом шуд. Баъд аз ин таҳаввулоту бозгашти суфарои ду кишвар, Вазорати умури хориҷаи Эрону Покистон дар баёнияи муштараке эълом карданд, бо тавофуқи тарафайн суфарои Теҳрону Исломобод ба маҳалли кори худ бозмегарданд, ки ин амр ҷумъаи гузашта муҳаққақ шуд.

Пас аз таниши марзии маҳдуду кӯтоҳмуддат дар манотиқи марзии Эрону Покистон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён ва Ҷалил Аббоси Ҷелонӣ, вазирони умури хориҷаи ду кишвар дар тамоси телефонӣ таъкид карданд, ки иҷоза нахоҳанд дод то душманон дӯстӣ, сулҳу амнияти ду кишварро мухтал кунанд. Илова бар вузарои хориҷаи Эрону Покистон, руасои ҷумҳурии ду кишвар ҳам дар изҳороте бо ишора ба равобити наздику бародаронаи ду кишвар бар афзоиши ройзаниҳо барои ҳалли бархе сӯитафоҳумот таъкид карданд.

Вазири хориҷаи Покистон ҳам дар дидори рӯзи гузашта бо ҳамтои эронии худ дар Исломобод гуфт, ки равобити ду тараф барои мардуми ду кишвар дорои аҳамият.

Покистону Эрон бо ин рӯҳия тасмим гирифтаанд ва мусаммам ҳастанд равобиту ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ миёни ду кишварро идома диҳанд. Ҷелонӣ афзуд, ду кишвар тавофуқ кардаанд рӯйкарде ҷамъиву гуруҳӣ ва мубтанӣ бар ҳамкорӣ ҷиҳати муқобила бо терроризм иттихоз кунанд.

Талоши пайгиру исрори ҷиддии масъулони Эрону Покистон барои рафъи таниши марзии ахир ва сафари дирӯзи раиси дастгоҳи дипломатии Эрон ба Покистон ҳамагӣ нишонгари ин воқеият аст, ки дар ду кишвар як ҳисси муштарак вуҷуд дорад, ки амнияти Покистону Эрон барои ҳар ду кишвар муҳим аст. Ҳамчунон ки дар 70 соли гузашта миёни ду тараф ҳамкориҳои қавӣ вуҷуд доштааст.

Илова бар ин, камтар кишвареро дар минтақа метавон ёфт, ки ба андозаи Эрону Покистон дорои муштаракоти фарҳангӣ, ҷуғрофиёӣ ва таърихӣ бошанд.  Бо ин ҳол тардиде нест, ки террористҳои мавриди ҳимояти бегона ҳеҷ гоҳ хайрхоҳи ду давлату ду миллат нестанд ва дар чунин шароите танҳо дар сояи ҳамкории муштараки Теҳрону Исломобод аст, ки таҳаррукоти террористҳову ҳомиёнашон хунсо хоҳад шуд.

Дар воқеъ бо тавваҷуҳ ба таъкиди масъулони покистониву эронӣ бар таҳкими муносиботи дӯстона бояд дар назар дошт, ки нахустин ва муҳимтарин шарти равнақи фаъолиятҳову мубодилоти иқтисодиву тиҷорӣ дар марзи 900 километрии ду кишвар, барқарории суботу амният аст ва тақвияти амният нахустину муҳимтарин шарти равнақи фаъолиятҳо ва табодулоти иқтисодиву тиҷорӣ дар марзи тӯлонии миёни Эрону Покистон, аз ҷумла дар бозорчаҳои марзӣ аст.

Ба ҳамин далел пешбинӣ мешавад, бо ройзаниҳои самарбахши рӯзи гузаштаи вазири хориҷаи Эрон дар Исломобод бо масъулони покистонӣ, ду тараф зимни бардоштани гомҳои ҷиддиву амалӣ барои таъмиқи равобит, ба хусус дар бахши амниятиву мубориза бо аносири террористӣ дар манотиқи марзӣ, заминаро барои равнақи ҳарчӣ бештари тиҷорату мубодилоти иқтисодӣ байни ду кишвар то сатҳи мавриди интизори Теҳрону Исломобод, яъне рақами 5 миллиард доллар дар сол фароҳам хоҳанд кард.