Имкони табодули барқ байни Эрону Туркия бо фанновариҳои рӯз
Сарпарасти ширкати мудирияти Шабакаи барқи Эрон бо эъломи ин ки бистари фаннии тиҷорат ва табодули барқ миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Туркия бо истифода аз фанновариҳои рӯз омода шудааст, гуфт: Бо эҷоди тиҷорати барқ миёни ду кишвар, имкони содироти барқи Эрон ба Аврупо фароҳам хоҳад шуд.
Ба гузориши ИРНА, Маҳдии Муқимзода, сарпарасти ширкати мудирияти Шабакаи барқи Эрон афзуд, бо имзои қарордоди баҳрабардории хати 400 киловолти Хуи Эрон - истгоҳи HVDC BTB Вони Туркия ба зарфияти 600 мегаватт, ки дар ҷараёни сафари ахири Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Туркия, миёни мудирони ширкатҳои баҳрабардори шабакаҳои барқи ду кишвар имзо шуд, имкони табодули барқ байни Эрону Туркия бо фанновариҳои рӯз фароҳам шудааст.
Муқимзода дар идома тиҷорати барқ миёни ду кишварро боиси тақвияти ҳамкориҳо ва рушди иқтисодӣ донисту хотирнишон кард, ин амр танаввуъбахшӣ ва коҳиши вобастагӣ ба соири манобеи энержиро фароҳам мекунад.
Муқимзода афзуд, дар сатҳи васеътар низ илова бар имкони тиҷорати барқ миёни ду кишвар, имкони тиҷорат ё транзити барқ бо мушорикати соири кишварҳо ҳам фароҳам хоҳад шуд.
Сарпарасти ширкати мудирияти Шабакаи барқи Эрон ҳамчунин гуфт, узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва узвияти Туркия дар ЭКО ва Иттиҳоди аврупоии операторҳои системаи интиқоли неру (ENTSOE) низ метавонад осонкунандаи ҳамкориҳои чандҷониба бошад.