Оғоз " Даҳаи фаҷр " Инқилоби исломии Эрон
-
Оғоз " Даҳаи фаҷр " Инқилоби исломии Эрон
Имрӯз ( панҷшанбе ) давоздаҳуми баҳмани 1402 ҳиҷрии шамсии баробар бо якум феврали 2024 , оғози даҳаи мубораки фаҷри Инқилоби исломӣ Эрон аст
45 соли пеш дар чунин рӯзӣ , давоздаҳуми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ ( якум феврали 1979 ) ҳазрати Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) , бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон , пас аз понздаҳ соли дурӣ ва табъид аз ватан , дар миёни истиқболи пуршӯри мардум , қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд .
Пас аз гузашти даҳ рӯз аз вуруди эшон ба Эрон , дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 , ( 11 феврали соли 1979 ) Инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид .
Ба ҳамин далел , аз рӯзи давоздаҳуми баҳман , яъне рӯзи вуруди Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) ба Эрон то бисту дувуми баҳман ки рӯзи пирӯзии Инқилоб исломӣ аст , " Даҳаи фаҷр " номгузорӣ шудааст ва ҳар сол , ҷашнҳо ва маросими вижаи пирӯзии Инқилоби исломӣ дар ин айём баргузор мешавад .
Дируз ( чаҳоршанбе ) дар остонаи Даҳаи фаҷри пирӯзии Инқилоби исломӣ ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ ( раҳ )у гулзори шуҳадо ҳузур ёфтанд ва бо қароъати намозу Қуръон , ёду хотираи Имоми Азимушшаънӣ миллати Эронро гиромӣ доштанд .
Дар ҳамин ҳол дар остонаи даҳаи мубораки фаҷр ва чиҳилу панҷумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ субҳи рӯзи гузашта " Занги инқилоби исломӣ " ба сӯрати ҳамзамон дар мадориси саросари Эрон ба садо даромад .