Тафсир - Азми Теҳрону Исломобод бар таҳкими равобит ва мубориза бо терроризм
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз дидор бо масъулони аршади покистонӣ дар Исломобод, бар азми ҷиддии ду кишвар барои мубориза бо терроризму таъмиқи муносибот дар ҳамаи бахшҳо таъкид кард.
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар посух ба даъвати ҳамтои покистонӣ ва барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти ин кишвар рӯзи душанбе дар садри ҳайате вориди Исломобод шуда буд пас аз дидор бо нахуствазир, вазири хориҷа ва фармондеҳи артиши Покистон дар сафҳаи “Х” навишт, тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи мубориза бо терроризм, тавсеаи муносиботи дуҷониба дар заминаи тиҷорӣ, иқтисодӣ, илму фанноварӣ, энержӣ, сиёсӣ ва баррасии охирин таҳаввулоти минтақа, муҳимтарин меҳвари ройзаниҳо дар Исломобод буд.
Ин сафар баъд аз таҳаввулоти ахир дар муносибот байни Эрону Покистон ва ҳамалоти анҷом шудаи Эрон ба мақари аносури террористӣ дар дохили Покистон ва пас аз он ҳамлаи Покистон ба як нуқтаи марзии Эрон ба баҳонаи нобудии аносури як гуруҳи террористӣ анҷом шуд. Баъд аз ин таҳаввулоту бозгашти суфарои ду кишвар, вазорати умури хориҷаи Эрону Покистон дар баёнияи муштараке эълом карданд, бо тавофуқи тарафайн суфарои Теҳрону Исломобод ба маҳали кори худ боз мегирданд, ки ин амр, ҷумъаи гузашта муҳаққақ шуд. Пас аз таниши марзии маҳдӯду кӯтоҳмуддат дар манотиқи марзии Эрону Покистон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён ва Ҷалил Аббос Ҷилонӣ, вазирони умӯри хориҷаи ду кишвар дар тамоси телефонӣ таъкид карданд, ки иҷоза нахоҳанд дод то душманон дӯстӣ, сулҳу амнияти ду кишварро мухтал кунанд. Илова бар вузарои хориҷаи Эрону Покистон, раисони ҷумҳурии ду кишвар ҳам дар изҳороте бо ишора ба равобити наздику бародаронаи дукишвар бар афзоиши ройзаниҳо барои ҳали бархе сӯитафоҳумот таъкид карданд.

Вазири хориҷаи Покистон ҳам дар дидори рӯзи гузашта бо ҳамтои эронии худ дар Исломобод тасреҳ кард, ки равобити ду тараф барои мардуми ду кишвар дорои аҳамият аст, Покистону Эрон бо ин рӯҳия тасмим гирифтаанд ва мусаммам ҳастанд равобиту ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ миёни ду кишварро идома диҳанд, Ҷилонӣ афзуд, ду кишвар тавофуқ кардаанд рӯйкарде ҷамъӣ ва гурӯҳӣ мубтанӣ бар ҳамкорӣ ҷиҳати муқобила бо терроризм иттихоз кунанд.
Талоши пайгир ва исрори ҷиддии масъулони Эрону Покистон барои рафъи таниши марзии ахиру сафари дирӯзи раиси дастгоҳи дипломасии Эрон ба Покистон ҳамагӣ нишонгари ин воқеият аст, ки дар дукишвар як ҳиси муштарак вуҷӯд дорад, ки амнияти Покистону Эрон барои ҳар ду кишвар муҳим аст, ҳамчунон ки дар 70 соли гузашта миёни дутараф ҳамкориҳои қавӣ вуҷӯд доштааст. Илова бар ин камтар кишвариро дар минтақа метавон ёфт, ки ба андозаи Эрону Покистон дорои муштаракоти фарҳангӣ, ҷуғрофиёӣ ва таърихӣ бошанд. Бо ин ҳол тардиде нест, ки террористҳои мавриди ҳимояти бегона ҳеҷ гоҳ хайрхоҳи ду давлат ва ду миллат нестанд ва дар чунин шароите танҳо дар сояи ҳамкории муштараки Теҳрону Исломобод аст, ки таҳаррукоти террористҳо ва ҳомиёнашон хунсо хоҳад шуд. Дар воқеъ бо таваҷҷуҳ ба таъкиди масъулони покистонӣ ва эронӣ бар таҳкими муносиботи дӯстона бояд дар назар дошт, ки нахустин ва муҳимтарин шарти равнақи фаъолиятҳо ва мубодилоти иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар марзи 900 километрии ду кишвар, барқарории субот ва амният аст ва тақвияти амният, нахустин ва муҳимтарин шарти равнақи фаъолиятҳои ва табодулоти иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар марзи тӯлонӣ миёни Эрону Покистон, аз ҷумла дар бозорчаҳои марзӣ аст.
Ба ҳамин далел пешбинӣ мешавад, бо ройзаниҳои самарабахши рӯзи гузаштаи вазири хориҷаи Эрон дар Исломобод бо масъулони покистонӣ, дутараф зимни бардоштан гомҳои ҷиддӣ ва амалӣ барои таъмиқи равобит бахусӯс дар бахши амниятӣ ва мубориза бо аносури террористӣ дар манотиқи марзӣ, заминаро барои равнақи ҳарчӣ бештари тиҷорату мубодилоти иқтисодӣ байни ду кишвар то сатҳи мавриди интизори Теҳрону Исломобод, яъне рақами 5 миллиарддоллар дар сол фароҳам хоҳанд кард.