Эрон ҳамлаҳои низомии Амрико ба Ироқ ва Сурияро маҳкум кард
(last modified Tue, 06 Feb 2024 07:02:28 GMT )
Феврал 06, 2024 12:02 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамлаҳои низомии Амрико ба Ироқ ва Сурияро маҳкум кард

Амирсаъиди Ереванӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал дар нишасти Шӯрои Амният эълом кард: Эрон ҳамлаҳои низомии Амрико ба хоки Ироқ ва Сурияро башиддат маҳкум мекунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирсаъиди Ереванӣ рӯзи душанбе дар нишасти Шӯрои Амният бо унвони «Таҳдиди сулҳ ва амнияти байналмилал» дар бораи ҳамалоти Амрико ба Сурия ва Ироқ гуфт: Иқдоми низомии Амрико ғайриқонунӣ ва ғайрмуваҷҷаҳ буда ва ошкоро поймолкунандаи ҳинҷорҳо ва усули асосии ҳуқуқи байналмилал, маншури Миллали Муттаҳид, тамомият сарзаминӣ, ҳокимият ва истиқлоли сиёсии Ироқ ва Сурия аст.

 Дипломати баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Миллал афзуд: Эрон ҳамчунин иқдомоти низомии муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Британия алайҳи Яманро, ба шиддат маҳкум мекунад. Илова бар ин Амрико ва Англия ошкоро аз қатъномаи 2722-и Шӯрои Амният (2024) суистифода кардаанд.

 Ӯ гуфт: Чунин иқдомоти ғайриқонунӣ, ки ғайринизомиён ва зерсохтҳои ҳаётиро ҳадаф қарор медиҳад, сулҳ ва амнияти минтақаро ба хатар меандозд ва ҳамчунин таҳдиди ҷиддӣ барои сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ аст. Иёлоти Муттаҳида ва Британия бояд масъулияти байналмилалии худро барои ҷинояти таҷовуз ба ӯҳда бигиранд.

 Вай тасреҳ кард: Амрико ва НАТО бояд ба тасмими давлати Ироқ барои поён додан ба ҳузури низомӣ ва хурӯҷи неруҳо аз кишвар эҳтиром бигузоранд.

 Ереванӣ таъкид кард: Тамоми гурӯҳҳои муқовимат дар минтақа мустақил ҳастанд ва ангезаи тасмимҳо ва иқдомоти онҳо бар пояи ҳуқуқи машрӯъи онҳо зайли қонунҳои байналмилалӣ аст, ки дар посух ба ҳузури ғайриқонунии Амрико дар сарзаминҳояшон ва дар ростои таваққуфи наслкушӣ дар Ғазза ва поён додан ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин аст. Бинобарин ҳар гуна талош барои нисбат додани ин иқдомот ба Эрон ё неруҳои мусаллаҳи он гумроҳкунанда, беасос ва ғайри қобили қабул аст.