Январ 04, 2017 17:27 Asia/Dushanbe
  • Вожаҳои форсӣ бисозед, ҷоиза бигиред

Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ба касоне, ки беҳтарин муодилҳои форсиро барои вожаҳои бегона пешниҳод диҳанд, ҷоиза медиҳад.

Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил раиси Бунёди Саъдӣ дар поёни нишасти омодагӣ барои баргузории севумин гирдиҳамоии муассисаҳои фаъол дар омӯзиши забони форсӣ, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Дар ҷустуҷӯи муодили форсӣ барои вожаҳои фарангӣ ҳастем ва ба пешниҳоддиҳандаи вожаи баргузида, ҷоиза медиҳем.

Вай афзуд: Бунёди Саъдӣ дар 20 дай, (9 январ), ин гирдиҳамоии солонаро бо даъват аз ҳамаи муассисаҳои фаъоли дохил ва хориҷи Эрон баргузор мекунад.

Ҳаддоди Одил гуфт: Муассисаҳо ва донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар, ки дар заминаи омӯзиши забони форсӣ фаъол ҳастанд, дар ин ҳамоиши якрӯза дастовардҳои худро арза мекунанд ва то кунун беш аз 40 муассисаи дохилӣ ва хориҷӣ барои ширкат дар гирдиҳамоии муассисаҳои фаъол дар омӯзиши забони форсӣ эъломи омодагӣ кардаанд.

Раиси Бунёди Саъдӣ гуфт: Феҳристи муассисҳҳое, ки дар ин ҳамоиш ширкат мекунанд, дар китобе ба номи «Шинохтнома» мунташир мешавад ва дар ихтиёри он муассисаҳо қарор мегирад.

  Ҳаддоди Одил таъкид кард: Бунёди Саъдӣ ба унвони маркази аслии пуштибонӣ аз омӯзиши забони форсӣ дар ҷаҳон, вазифаи худ медонад, ки роҳро барои ҳамаи фаъолон дар ҳавзаи омӯзиши забони форсӣ дар ҷаҳон ҳамвор кунад ва бо огоҳӣ аз мушкилот, барои он чора баёндешад.