Феврал 08, 2024 19:18 Asia/Dushanbe
  • Эрон; ҷузъи 7 кишвари бартари дунё дар тавлиди 22 маҳсули кишоварзӣ

Мушовири вазири ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Бар асоси омори ҷаҳонии ФАО, Эрон дар тавлиди 22 маҳсули калидӣ дар ҳавзаи кишоварзӣ, дар байни ҳафт кишвари бартари дунё қарор дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, кишти фаросарзаминӣ ба маънои кошти навъҳои гуногуни маҳсул дар дигар кишварҳо ва воридоти он ба Эрон аст; Ин навъ кишт, мавзӯе аст, ки тайи чанд соли ахир дар Эрон матраҳ шуда ва акнун аҳамияти он бо таваҷҷуҳ ба вуқӯъи хушксолӣ дар бисёре аз устонҳо, маҳдудияти шадиди манобеъи обӣ ва таъсири он бар вазъияти маишати мардум беш аз ҳар замоне намоён аст.

 Ба ҳамин манзур ҳамоиши "Кишти фаросарзаминӣ; амнияти об ва ғизо", дирӯз чаҳоршанбе бо ҳузури масъулон ва дастандаркорони ин ҳавза дар Теҳрон баргузор шуд.

 Дар ин ҳамоиш роҳкорҳои тавсеаи кишти фаросарзаминӣ ва фароҳам шудани заминаҳо барои афзоиши беш аз пеши ин равиши кишт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Ризо Футӯҳӣ-мушовири вазири ҷиҳоди кишоварзии Эрон ва мутасаддии тарҳи кишти фаросарзаминии Эрон, зимни зарурати ҳамафзоии кишварҳо барои истифодаи мутавозин аз манобеъи об ва хок дар манотиқи мухталифи ҷаҳон гуфт: Бар асоси омори ҷаҳонии ФАО, Ҷумҳурии Исломии Эрон илова бар инки дар тавлиди 22 маҳсули калидӣ дар ҳавзаи кишоварзӣ, дар байни ҳафт кишвари бартари дунё қарор дорад, дар айни ҳол, дар тавлиди маҳсулоте мисли писта, заъфарон ва хурмо ҷузъи кишварҳои бартари дунё аст.

 Мушовири вазири ҷиҳоди кишоварзии Эрон ҳамчунин аз ҳимояти Эрон барои вуруди бахши хусусӣ ба ҳавзаи кишти фаросарзаминӣ хабар дод.

 

Барчасп