Тамоюли кишварҳои Осиёи Марказӣ барои истифода аз бандари Чобаҳори Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i11170-Тамоюли_кишварҳои_Осиёи_Марказӣ_барои_истифода_аз_бандари_Чобаҳори_Эрон
Устондори Сиистон ва Балучистон (ҷанубу шарқи Эрон) гуфт: Кишварҳои Осиёи Марказӣ тамоюли зиёде барои истифода аз бандари Чобаҳори Эрон доранд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 04, 2017 17:59 Asia/Dushanbe
  • Тамоюли кишварҳои Осиёи Марказӣ барои истифода аз бандари Чобаҳори Эрон

Устондори Сиистон ва Балучистон (ҷанубу шарқи Эрон) гуфт: Кишварҳои Осиёи Марказӣ тамоюли зиёде барои истифода аз бандари Чобаҳори Эрон доранд.

Ба гузориши ИСНА, Алиавсати Ҳошимӣ бандари Чобаҳор дар устони Сиистон ва Балучистонро нуқтаи пайванди чанд кишвари бидуни соҳили минтақа ба обҳои озод донист ва гуфт: Вуҷуди манобеи бешумори табиӣ ва маъданӣ, марзҳои обӣ ва хокӣ, дастрасӣ ба обҳои озоди ҷаҳон ва танаввӯи иқлимӣ ва обуҳавоӣ барои кишти анвои маҳсулоти сардсерӣ, гармсерӣ ва қораӣ, заминаи муносибе барои сармоягузории хориҷӣ дар бандари Чобаҳор фароҳам кардааст.

Алиавсати Ҳошимӣ афзуд: Барои фароҳам кардани заминаи сармоягузории хориҷӣ илова бар густариши минтақаҳои тиҷорӣ барои афзоиши транзит, ҷодаҳои дастрас ба бузургроҳҳо, роҳи оҳан ва дигар зерсохтҳо дар бандари Чобаҳор фароҳам шудааст.

 Бандари Чобаҳор дар ҷанубу шарқи Эрон бо қобилияти паҳлугирии киштиҳоии уқёнуспаймо, наздиктарин роҳи дастрасии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба обҳои озод аст ва ба ҳамин сабаб мавқеияти роҳбурдӣ дорад.