Феврал 12, 2024 09:50 Asia/Dushanbe
  • Вуруди вазири умури хориҷаи Эрон ба Сурия
    Вуруди вазири умури хориҷаи Эрон ба Сурия

Вазири умӯри хориҷаи Эрон барои дидор бо мақомоти олирутбаи Сурия , дар садри ҳайати сиёсӣ вориди Дамишқ , пойтахт Сурия шуд .

Ба гузориши Ирно , « Ҳусайн Амирабдуллоҳён » вазири умури хориҷаи Эрон дар ҷараёни сафар ба Сурия ба унвони Дуюмин мақсад аз даври тозаи сафарҳои минтақаии худ бо « Башшор Асад » раисҷумҳурӣ ва « Файсал Миқдод » вазири умури хориҷаи Сурия дидор ва гуфтугў хоҳад кард .

Сафари раиси дастгоҳи дипломосии Эрон ба Сурия дар ҳоле аст, ки беш аз чаҳор моҳ аз оғози ҷиноёти густардаи режими саҳюнистии зидди мардуми мазлӯми Фаластин дар борика Ғазза мегузарад ва  талошҳои дипламатики Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури таваққуфи ҷанг ва  ирсоли кумакҳои башардӯстона ба мардуми Фаластин дар борикаи Ғазза идома дорад .