Ифтитоҳи парки илм ва фанноварии байналмилалии Эрон
(last modified Mon, 12 Feb 2024 14:39:19 GMT )
Феврал 12, 2024 19:39 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи парки илм ва фанноварии байналмилалии Эрон
    Ифтитоҳи парки илм ва фанноварии байналмилалии Эрон

Мудири кули пуштибонии умури фанноварӣ ва навоварии Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ифтитоҳи парки илм ва фанноварии байналмилалии Эрон бо ҳузури 200 ширкат хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Алиризо Заросундӣ мудири кули пуштибонии умури фанноварӣ ва навоварии Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар севумин конфаронси байналмилалӣ ва ҳафтумин конфаронси миллии маводи метолоржӣ ва маъдан аз роҳандозии парки илм ва фанноварии байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз муҳимтарин барномаҳои Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварӣ дар ҳавзаи фанноварии ном бурд.

Заросундӣ гуфт: Сохти ин парк бузургтарин тарҳи фанноварӣ дар Эрон аст ки муҷаввизи шурои густариши Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эронро дарёфт карда ва дар масоҳатии болиғ бар 44 гектар таъсис шуда аст ва талошхоҳем кард дар ҳафтаи нахусти исфанди моҳи имсол бо ҳузури 200 ширкат ифтитоҳ шавад.

Мудирикули пуштибонии умури фанноварӣ ва навоварии Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон бо тақдир аз баргузоркунандагони севумин конфаронси байналмилалӣ ва ҳафтумин конфаронси миллии мавод, метолоржӣ ва маъдан афзуд гуруҳи маводи донишгоҳи шаҳид Чамрони Аҳвоз ки ба унвони мутаваллии баргузарии ин конфронс яке аз гуруҳҳои бособиқа дар ин донишгоҳ аст дар гузашта низ мизбони баргузарии ҳамоишҳои муҳимм дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ буда аст.