Феврал 14, 2024 21:08 Asia/Dushanbe
  • Панҷуми шаъбони соли 1445 ҳ. қ. солрӯзи валодати ҳазрати имом Зайнулъобдин (а) аст
    Панҷуми шаъбони соли 1445 ҳ. қ. солрӯзи валодати ҳазрати имом Зайнулъобдин (а) аст

Саросари Эрони исломӣ дар шаби мелоди ҳазрати имом Зайнулъобидин (а), набераи гаронқадри паёмбари гиромии Ислом (с) ғарқ дар ҷашну шодӣ аст.

Рӯзи панҷшанбе, панҷуми шаъбони соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 15 феврали 2024 солрӯзи валодати ҳазрати имом Зайнулъобдин (а), набераи гаронқадри паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

Ба ҳамин муносибат саросари Эрони исломӣ дар шаби валодати босаодати Сайидуссоҷидин - имом Зайнулъобидин (а) ғарқ дар мадеҳасароиву мавлудхонии маддоҳони аҳли байти исмату таҳорат (а) аст.

Шаҳрҳои муқаддаси Машҳаду Қум нурборон шудаву маросими ҷашну сурур бо ҳузури ошиқону иродатмандони аҳли байти исмату таҳорат (а) дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ба муносибати айёми Шаъбония, аз шабҳои гузашта вижабарномаҳое ҳамроҳ бо мадеҳасароиву мавлудхонии маддоҳони аҳли байт бо ҳузури ҳазорон нафар аз зоирону муҷовирон дар Ҳарами мунаввари Разавӣ оғоз шудааст.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи мелоди босаодати ҳазрати имом Зайнулъобидин (а) -ро ба ҳамаи мусулмонону озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.

 

Барчасп