Феврал 15, 2024 12:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури қориони 44 кишвари ҷаҳон дар Эрон
    Ҳузури қориони 44 кишвари ҷаҳон дар Эрон

Раиси Маркази умӯри Қуръони Созмони Уқоф ва умӯри хайрияи Эрон аз ҳузури қориони Қуръон аз 44 кишвари ҷаҳон дар чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим хабар дод ва гуфт : 40 шабакаи телевизиони ин давра аз мусобиқотро пӯшиш медиҳанд .

Ба гузориши Ирно ; “ Ҳамиди Маҷидимеҳр “ раиси Маркази умӯри Қуръонии Созмони Уқоф ва  умӯри хайрияи Эрон рӯз чаҳоршанбе гуфт : Чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим аз фардо панҷшанбе дар салони Иҷлоси сарони кишварҳои исломии Теҳрон оғоз мешавад ва 99 қорӣ роҳ ёфта ба ин давра аз мусобиқот аз 5 қорраи ҷаҳон ба вижа аз кишварҳои аврупоӣ  ва  ғайри мусулмон ҳузур доранд .

Раиси маркази умӯри Қуръонии Созмони авқоф ва  умӯри хайрияи Эрон бо ишора ба инки 40 шабакаи телевизионии ин давра аз мусобиқоти Қуръонро пӯшиш медиҳанд , афзӯд , қорионе, ки ба ин давра аз мусобиқот роҳ ёфта аз кишварҳои Малайзия , Миср , Алҷазоир , Арабистон , Туркия , Инданезия , Лубнон , Ҳинд , Ҳоланд , Олмон , Амрико , Тунис , Русия , Соҳили Оҷ , Сри Ланка , Сингапур , Сенегал , Сурия , Ироқ , Канада , Фаластин , Филиппин , Покистон , Британия , Июзиланд , Либия , Афғонистон , Бангладеш , Нигерия , Уммон , Танзания , Бруней , Тойланд , Биравандӣ , Этиупия , Тунис , Нигерия , Сумолӣ , Уганда , Мавритания , Тоҷикистон , Гамбия , Комор ва  Ҷумҳурии Исломӣ Эрон ҳастанд .

“Маҷидимеҳр “ афзӯд , ин давра аз мусобиқот дар ду бахши хоҳарону бародарони болои 18 сол дар риштаҳои қироъати таҳқиқ , тартил ва  ҳифзи комили Қуръони Карим баргузор хоҳад шуд .

Раиси маркази умӯри Қуръони Созмони Уқоф ва  умӯри хайрияии Эрон бо баёни шароити хоси имсол ба далели ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза тасреҳ кард , унвон « як китоб , як уммат , китоби муқовимат » барои шиори ин давра аз мусобиқоти Қуръони Карим интихоб шудааст .

Маҷидимеҳр ҳамчунин гуфт : Дар ҳошияи баргузарии ин давра аз мусобиқот , кучактарин Қуръони Карим ки ҳудӯди 150 сол қидмат дорад рӯнамоӣ ва ба сабти Гинес хоҳад расид .

Дар поёни ин нишасти хабарӣ ҳамчунин , постери чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим рӯнамоӣ шуд .

Барчасп