Омодагии Эрон барои содироти дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Арманистон
(last modified Fri, 16 Feb 2024 12:09:02 GMT )
Феврал 16, 2024 17:09 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Арманистон ба пешрафтҳои пизишкиву дорусозии Эрон дар сатҳи ҷаҳон
    Эътирофи Арманистон ба пешрафтҳои пизишкиву дорусозии Эрон дар сатҳи ҷаҳон

Раиси Созмони ғизо ва доруи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон барои содироти дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Арманистон хабар дод.

Сайид Ҳайдари Муҳаммадӣ, раиси Созмони ғизо ва доруи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар дидори Лена Нанушян, муовини вазири беҳдошти Арманистон бо ишора ба вазъияти маҳсулоти саломатмеҳвар дар Эрон гуфт: Дар ҳоли ҳозир 99 дарсади бозори доруӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ дар Эрон тавлид мешавад.

Раиси Созмони ғизо ва доруи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо баёни ин ки тамомии мукаммилҳои мавриди ниёзи Эрон низ дар дохил тавлид мешавад, афзуд: Аз мазиятҳои риқобатии доруии Эрон метавон ба тавлиди доруҳои биологӣ ишора кард, ки дар дунё тавлидкунандагони маҳдуде дорад.

Лена Нанушян, муовини вазири беҳдошти Арманистон ҳам дар ин дидор бо ишора ба кайфияти доруҳои зиддисаратони тавлиди Эрон гуфт: Алоқамандем доруҳои ҳавзаи анкологии тавлиди Эронро дар Арманистон истифода кунем. Ҳамчунин ин имкон вуҷуд дорад, ки бархе доруҳои мавриди ниёзро аз давлат ва ё ширкатҳои тавлидкунандаи эронӣ таҳия кунем.

Муовини вазири беҳдошти Арманистон ҳамчунин бо ишора ба пешрафтҳои пизишкиву дорусозии Эрон дар сатҳи ҷаҳон, аз омодагии ин кишвар барои барпоии намоишгоҳи тавлидоти эронӣ дар ҳавзаи маҳсулоти саломатмеҳвар дар Арманистон хабар дод.