Феврал 16, 2024 21:13 Asia/Dushanbe

Намояндаи нахуствазири Покистон дар умури динӣ гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрону Покистон ду кишвари ҳамсояву исломӣ ҳастанд ва равобити таърихӣ доранд.

Ҳофиз Муҳаммад Тоҳир Маҳмуди Ашрафӣ бо табрики солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон ва ибрози умедворӣ нисбат ба иртиқои рӯзафзуни сатҳи равобити Эрону Покистон гуфт: Эрону Покистон ба унвони ду ҳамсоя равобити таърихӣ бо ҳам доранд.

Намояндаи нахуствазири Покистон дар умури динӣ ҳамчунин бо ишора ба масъалаи Фаластин ва таҳаввулоти ахир дар Ғазза изҳор дошт, муҳимтарин дағдағаи Покистон, Эрон, Арабистон, Миср ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мавзӯи Фаластин аст то бо ҳамкории муштарак ба вазъияти кунунии борикаи Ғазза поён диҳанд.

 

Аллома Сайид Ифтихор Ҳусайни Нақавӣ, мутафаккири покистонӣ ҳам дар гуфтугӯ бо хабарнигори “Эрон Пресс” дар Исломобод гуфт: Покистону Эрон монанди аъзои як хонаводаву пайрави Қуръони Карим ҳастанд ва иштирокҳои фарҳангӣ доранд, ки таъсири муҳиме дар густариши равобити ду кишвар дорад.

 

Барчасп