Феврал 19, 2024 10:22 Asia/Dushanbe
  • Рушди мубодилоти тиҷории Эрон бо Татаристони Русия
    Рушди мубодилоти тиҷории Эрон бо Татаристони Русия

Сарконсули Эрон дар Казан маркази Ҷумҳурӣ Татаристон гуфт : Ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрон ва Ҷумҳурии Татаристони Русия дар соли 2023 милодӣ бо 25 дарсади афзоиш ба беш аз 200 миллион доллар афзоиш ёфт .

Ба гузориши Ирно , « Довуди Мирзохонӣ » сарконсули Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба имзои тавофуқномаи тиҷорати озоди байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии Авру Осиё,  ки Русия низ узвӣ аз ин Иттиҳодия аст , афзӯд : Бо иҷроӣ шудани ин тавофуқнома ва  ҳазфи тарифаи гумрукии ҳудӯди ҳафт ҳазор қалами коло , пешбинӣ мешавад, ки мубодилоти тиҷории дуҷонибаӣ афзоиш чашмгирӣ дошта бошад .

 

Сарконсули Эрон дар Казан дар идома бо баёни инки муҳимтарин дастоварди Ҷумҳурии Исломии Эрон , истиқлоли сиёсӣ кишвар аст , гуфт : Эрон бо бардоштан гомҳои баланд дар масири истиқлол ва  худбоварӣ , рӯз ба рӯз ба масири пешрафти худ идома медиҳад .

Ин дипломати эронӣ ҳамчунин амнияту саботи дохилиро аз дастовардҳои инқилоби исломии Эрон донист ва  афзӯд : Имрӯз амнтарин кишвар дар ноамнтарин минтақаи ҷаҳонаст ; Онҳам дар шароите, ки Эрон амнияти худро худ ба даст оварда ва ба қудратҳои хориҷӣ вобаста нест .

 

Барчасп