Қаҳрамонии тими паратхэквондои Эрон дар Ҷоми раёсати федераисияи ҷаҳонӣ
(last modified Wed, 21 Feb 2024 06:18:02 GMT )
Феврал 21, 2024 11:18 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими паратхэквондои Эрон дар Ҷоми раёсати федераисияи ҷаҳонӣ

Мусобиқоти паратхэквондои байналмилалии Ҷоми раёсати федератсияи ҷаҳонӣ дар гурӯҳи бонувон бо қаҳрамонии тими Эрон ба поён расид.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, шашумин давраи пайкорҳои паратхэквондои Ҷоми раёсати федератсияи ҷаҳонӣ бо рақобатҳои гурӯҳи бонувон ва ҳузури 76 паратхэквондокор аз Эрон, Мексика, Кореяи Ҷанубӣ, Таиланд, Муғулистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркия, Русия, Тайван, Ироқ ва тими паноҳандагон рӯзи сешанбе дар Теҳрон баргузор шуд.

Паратхэквондокорони эронӣ бо касби 3 медали тилло ва як бурунз унвони қаҳрамонии ин рақобатҳоро ба номи худ сабт карданд.