Мушорикати Эрон ва Тоҷикистон барои сабти ҷаҳонии « Меҳргон » , « Тирагон » ва « Рубоб »
(last modified Thu, 22 Feb 2024 05:52:16 GMT )
Феврал 22, 2024 10:52 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати Эрон ва Тоҷикистон барои сабти ҷаҳонии « Меҳргон » , « Тирагон » ва « Рубоб »
    Мушорикати Эрон ва Тоҷикистон барои сабти ҷаҳонии « Меҳргон » , « Тирагон » ва « Рубоб »

Қоиммақоми Вазорати мероси фарҳангӣ , гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ аз таҳияи 3 парвандаи ҷаҳонии ҷашни « Меҳргон » , « Тиргон » ва « Сози рубоб » , муштарак бо Тоҷикистон барои сабт дар Юнеско хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Исно , Алии Доробӣ муовини мероси фарҳангӣ дар дидор бо « Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода » сафири Тоҷикистон дар Эрон ва « Давлати Сафар » муовини вазири фарҳангии Тоҷикистон ки ба манзури баррасӣ ва барномарезӣ барои ҳамкорӣ ва истифода аз зарфиятҳои муштараки ду кишвар , баргузор шуд , ёдовар шуд : Тамоми иштирокоти байни ду кишвар , заминаи фаъолиятҳои муштаракро муҳайё мекунад ва барои баҳрабардорӣ аз ин сармояҳои бузург, ки аз ниёконамон ба мо расидааст , бояд барномарезӣ кунем .

Қоим мақоми вазири мероси фарҳангӣ , гардишгарӣ ва  саноеъи дастӣ идома дод : Имсол ҷашни Садаро ба сӯрати муштараки сабт ҷаҳонӣ кардем ва барои соли ояндаи ҷашн « Меҳргон » , « Тиргон » ва  парвандаи « Сози рубоб »ро дорем .

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон низ бо баёни инки равобити дипломотики ду кишвар дар сатҳи хубе қарор дорад , равобити ҳасанаи сиёсиро зерсохти муносибе барои анҷоми корҳои муштарак донист ва аз пешниҳоди ташкили кумитаи муштараки Эрон ва Тоҷикистон истиқбол кард .

Давлати Сафар » муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон низ истифода аз иштирокоти забонӣ , фарҳангӣ , тамаддунии ду кишварро мавриди таъкид қарор доду афзуд : Ду миллат Эрон ва Тоҷикистон дил дар гарави меҳру муҳаббат якдигар доранд ва ҳамонтавр ки гӯштро аз нохун наметавон ҷудо кард , Эрон ва Тоҷикистон низ ду бародар ҷудоношуданӣ ҳастанд .