Феврал 23, 2024 19:13 Asia/Dushanbe
  • Ҷашнвораи миллии бозиҳои бумии маҳаллии ақвоми Эрон
    Ҷашнвораи миллии бозиҳои бумии маҳаллии ақвоми Эрон

Маросими ихтитомияи Ҷашнвораи миллии бозиҳои бумии маҳаллии ақвоми эронӣ (Ҷоми Парчам) дар ду бахши бозиҳои бумии маҳаллӣ ва иҷрои ойинҳо баргузор шуд.

Маросими ихтитомияи Ҷашнвораи миллии бозиҳои бумии маҳаллии ақвоми Эрон дар риштаҳои ҳафтсанги маҳоратӣ, гония, дол палон, тиру камони сангӣ - вижаи оқоёну бонувон ва иҷрои ойинҳо - вижаи оқоён, дирӯз, панҷшанбе дар салони шаҳиди Овинии фарҳангсарои Баҳмани Теҳрон баргузор шуд.

Алиризо Писандида, раиси Федератсияи варзиши рустоӣ, ашойирӣ ва бозиҳои бумии маҳаллӣ гуфт: Бозиҳои бумии маҳаллӣ, одобу сунан, баргирифта аз таърихи куҳани мост ва мероси номалмуси фарҳангии кишвар ба шумор меравад.

Писандида дар ойини рӯнамоӣ аз нишони Ҳуро афзуд: Имрӯз рӯнамоӣ аз намоди Ҳуро, нишони сафирони ҳайати варзиши рустоии устон иттифоқ меуфтад, ки ин сафирон қарор аст дар тавсеаву тарвиҷи бозиҳои бумии маҳаллӣ ба мо кумак кунанд.

Ҳайати варзиши рустоӣ, ашойирӣ ва бозиҳои бумии маҳаллии устони Теҳрон мизбони маросими ихтитомияи Ҷашнвораи миллии бозиҳои бумии маҳаллии ақвоми эронӣ дар ду бахши бозиҳои бумии маҳаллӣ ва иҷрои ойинҳо буд.

Дар ин маросим, ки бо истиқболи хуби мардум ҳамроҳ буд, намояндагони устонҳои Бушеҳр, Ардабил, Гулистон, Курдистон ва Луристон ба иҷрои маросими ойинӣ бо ҳам ба рақобат пардохтанд.

 

Барчасп