Тарроҳии матоъи ҷазбкунандаи ларзиши садо ба ҳиммати донишбунёнҳои эронӣ
Як ширкати донишбунёни эронӣ муваффақ ба тарроҳӣ ва бумисозии маҳсули пуркорбурди матоъи ҷозиби иртиоши садо(қолини абсорбент(ҷазбкунанда)и ларзиши садо) шуд.
Яке аз корбурдҳои маҳсулоти полимерӣ ҷилавгирӣ аз хастагии созаҳои сохтмонӣ аст; Матоъи абсорбенти ларзиши садо дар соҳаи рейлӣ, худравсозӣ, умрон ва нафту газ корбурд дорад ва бо сеяки нархи намунаҳои хориҷӣ арза мешавад.
Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА,Муҳаммадризо Аскарӣ,мудири ин ширкати донишбунён дар маркази рушди Донишгоҳи илму саноъат гуфт: Гузари хатти роҳи оҳан аз канор минтақаҳои маскунӣ ва маконҳои хос назири биноҳои таърихӣ ва бемористонҳо ё биноҳое, ки ба ларзиши садо ҳассосият доранд, ин нуктаро барои мо дорои аҳамият кардааст, то ларзиши садоро барои ин биноҳо ба сурати вежа баррасӣ кунем.
Муҳаммадризо Аскарӣ афзуд:Яке аз роҳкорҳои аслӣ дар бахши роҳи оҳан дар тамоми дунё истифода аз матоъи ҷазбкунандаи ларзиши садо аст
Мутахассисони эронӣ дар даҳаҳои ахир бо вуҷуди таҳримҳои золимона зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон, тавонистаанд бо такя бар тавони дохилӣ дар ҳавзаҳои мухталиф маҳсулоти мавриди ниёзи ҷомеаро бумисозӣ ва тавлид кунанд.