Феврал 26, 2024 13:00 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамалоти Амрико ва Англис ба хоки Яманро маҳкум кард
    Эрон ҳамалоти Амрико ва Англис ба хоки Яманро маҳкум кард

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрони ҳамалоти низомии густардаи Амрико ва Англис ба Яманро худсарона ва моҷароҷуёна, хориҷ аз қавоид ва усули шинохтаи байналмилалӣ ва нақзи ҳокимият ва тамомияти арзии Яман донист.

Носири Канъонии ЧоФӣ сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон

Носири Канъонии Чофӣ сухангуии Вазорати умурхориҷаи Эрон рузи якшанбе бо маҳкумкардани ҳамла ба Яман гуфт, Амрико ва Англис бори дигар собит карданд ки ҳомии тамомаёри ҷиноёти ҷангӣ ва наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва каронаи бохтари равад Урдун ҳастанд ва таъаҳҳуд ба амният ва манофеи номашруъи режими ишғолгар ва ҷинояткори саҳюнистиро муқддам бар сулҳу амнияти байналмилалӣ медонанд ва барои тмини амнияти ин режим ҳамаи усули ахлоқӣ ва инсонӣ ва низ қавонин ва муқаррароти байналмилалӣ ва маншури милали муттаҳидро нақз мекунанд.

Сухангуи неруҳои мусаллаҳи Ямани соъотии пас аз ҳамлаи ҷангандаҳои Амрико ва Англиси эълом кард ки як нафткаши амрикоӣ дар халиҷи Аданро бо мушак ҳадаф қарор дода аст.

Артиши Яман мутаъаҳҳид шуд то замоне ки режими саҳюнистӣ ҳамалоти худ ба борикаи Ғаззаро мутаваққиф накунад ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар дарёии сурх идома хоҳанд дод.

Барчасп