Феврал 28, 2024 17:28 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб ҳузури қавии мардум дар интихоботро таҷаллии қудрати миллӣ хонданд
    Раҳбари инқилоб ҳузури қавии мардум дар интихоботро таҷаллии қудрати миллӣ хонданд

Ҷамъе аз раъйи аввалиҳо ва хонаводаҳои муаззами шуҳадо субҳи имрӯз бо ҳузур дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) бо Раҳбари инқилоби исломӣ дидор карданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз дар дидори ҳазорон нафар аз раъйи аввалиҳову ҷамъе аз хонаводаҳои мукаррами шаҳидон, ҳузури пуршӯру қавии миллатро дар интихобот, таҷаллии қудрати миллӣ, тазминкунандаи амнияти миллӣ ва маъюскунандаи душманони чашмдӯхта ба Эрон хонданд ва бо баршумурдани вижагиҳои номзади шоиста таъкид карданд, интихоботи пуршӯр заминасози рафъи мушкилот, пешрафти Эрон ва аз аркони идораи саҳеҳи кишвар аст ва ҳар касе Эрон, ҷумҳурии исломӣ, инқилоб, қудрати миллӣ ва пешрафтро дӯст дорад, рӯзи ҷумъа ба пои сандуқи раъй биёяд.

Раҳбари инқилоб бо ишора ба навиштаҳои бархе аносири тоғут дар бораи зоҳирӣ будани интихобот қабл аз инқилоб гуфтанд, ҳамон тавр, ки онҳо ҳам муътариф шудаанд, листи барандагони интихобот аз қабл дар дарбор ва ҳатто гоҳе дар бархе сафоратхонаҳои хориҷӣ баста мешуд ва бояд ҳамин лист аз сандуқҳо дармеомад.

Эшон ҳузури қавии мардум дар интихоботро таҷаллии қудрати миллӣ ва қудрати миллиро тазминкунанда амнияти миллӣ хонданду гуфтанд, бидуни амнияти миллӣ ҳеҷ чиз вуҷуд нахоҳад дошт ва душман агар дар заминаи қудрати миллӣ заъфе дар эрониён бубинад, аз завоёи мухталиф, амнияти миллиро таҳдид хоҳад кард.

 

Раҳбари инқилоб дастоварди муҳими интихоботи қавиву пуршӯрро интихоби афроди қавӣ, ташкили маҷлиси қавӣ ва дар натиҷа рафъи мушкилоту пешрафти кишвар хонданду афзуданд: Маҷлиси қавӣ қодир ба анҷоми корҳои бузург ва бардоштани гомҳои баланд хоҳад буд, ҳамчунон ки интихоботи қавиву пуршӯри раёсати ҷумҳурӣ дасти раиси ҷумҳурро барои анҷоми корҳои бузург боз мекунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши поёнии суханонашон, масъалаи Ғаззаро масъалаи асосии дунёи Ислом баршумурданду гуфтанд: Масъалаи Ғазза Исломро ба дунё муаррифӣ кард ва маълум шуд, ки Ислом ва омили дин боиси иқтидору муқовимату таслим нашудани мардум дар муқобили ин ҳама бомбаборону фоҷеаофаринии саҳюнистҳост. Ин масъала ҳақиқати фарҳангу тамаддуни ғарбиро ҳам ба ҷаҳониён нишон дод ва мушаххас шуд, ки сиёсатмадорони баромада аз ин фарҳанг ҳатто ҳозир ба эътироф ба иқдоми саҳюнистҳо дар наслкушии фаластиниҳо нестанд ва бо вуҷуди бархе ҳарфҳо, дар амал бо ветои қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал ҷилави таваққуфи ҷиноятҳоро мегиранд.

 

Раҳбари инқилоби исломӣ дар бахши дигаре аз суханони худ ба аҳамияти моҳҳои Шаъбону Рамазон ва зарурати талош барои наздикӣ ба Худованди мутаъол ишора карданду афзуданд: Айёми боқимонда аз моҳи Шаъбону баъд аз он моҳи Рамазон фурсати муғтанаме барои дуо, муноҷоту тақвияти иртибот бо парвардгор аст ва тавсияи ман ба хусус ба ҷавонон, ки дорои дилҳои поку зулол ҳастанд, ин аст, ки аз дуоҳои воридшуда аз аиммаи атҳор (а), истиғфору салавот ғафлат накунанд, зеро ин дуоҳо тазминкунандаи маорифу мазомини олӣ асту унси шуморо бо холиқи ҳастӣ афзоиш медиҳад.

 

Барчасп