Март 01, 2024 14:53 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон: Давлати Англия ҳеҷ ҷойгоҳи мардумӣ надорад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, агар ҳамзамон як реферандум дар Эрон ва Британия бо мавзӯи ҳимояти мардум аз низомашон баргузор шавад, тардиде нест, ки дар ин реферандум тарафи бозанда Британия хоҳад буд.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо Шабакаи 4 Англия, дар посух ба суоли муҷрӣ дар иртибот бо нигоҳи афкори умумии Эрон ба ҳимояти низоми сиёсии кишвар аз мавзӯи муқовимату Фаластин, афзуд, афкори умумӣ дар Эрон комилан аз мавзӯи Фаластин ҳимоят мекунад ва аз замони таҳаввулоти ахир дар Фаластин то ба имрӯз эрониён бо ҳар тафаккуре динӣ ва ҳамчунин гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ, муттаҳидона аз Фаластину фаластиниён ҳимоят кардаанд.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон

 

Амирабдуллоҳиён афзуд: Дар Эрон илова бар мусулмонон, масеҳёну яҳудиён низ озодона зиндагӣ мекунанд ва дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ дорои намоянда ҳастанд. Ба яҳудиён эҳтиром гузошта мешавад, аммо масъалаи саҳюнистҳову ишғолгарии Фаластин мавзӯи дигаре аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар посух ба суоли дигари муҷрӣ, ки муддаӣ буд, мардуми Эрон дар интихобот ширкат намекунанд, гуфт, аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ то кунун ҳар сол ҳаддиақал як интихоботи озод бо мушорикати мардуми Эрон баргузор шудааст, аммо сиёсати танбеҳӣ барои касе ки мушорикат накунад, эъмол намешавад, дар ҳоле ки дар бархе кишварҳои ғарбӣ агар як фард дар интихобот ширкат накунад, маҳрумиятҳои иҷтимоии муваққатӣ барои он фард дар назар мегиранд ва ё бояд ҷаримаи молӣ бипардозад.

Амирабдуллоҳиён дар бораи иғтишошоти соли гузашта дар Эрон ва ҳаёҳуе ки дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башару Кумитаи ҳақиқатёб ташкил шуд низ гуфт: Чаро бо гузашти панҷ моҳ аз наслкушиву куштори занону кӯдакони фаластинӣ дар Ғазза бо бомбаҳои кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрикову Британия, ки дар ихтиёри режими саҳюнистӣ гузошта мешавад, ҳечкас дар Шӯрои ҳуқуқи башар фикре барои ташкили Кумитаи ҳақиқатёб намекунад? Ин ҳамон демократия ва ҳуқуқи башари дугонае аст, ки имрӯз дар Ғарб дида мешавад.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Демократия ва ҳуқуқи башар дар Эрон реша дар эътиқодоту тамаддуни чандҳазорсолаи эрониён дорад ва демократияву ҳуқуқи башар дар Эрон имрӯз ба маротиб қавитар аз Британия аст.

 

Вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи мавзӯи Фаластину истиқболи Эрон аз оташбаси эҳтимолӣ дар борикаи Ғазза ҳам гуфт, Ҷумҳурии исломӣ аз таваққуфи наслкушӣ ва ҷиноёти саҳюнистҳо зидди мардуми Фаластин дар борикаи Ғазза истиқбол мекунад ва аз ҳамон ибтидои ҳамалоти режими Исроил зидди Ғаззаву Каронаи бохтарӣ ба сароҳат эълом кард, ки ҷанг роҳи ҳал нест ва бояд ҳарчӣ зудтар ҷангу куштори мардуми Фаластин мутаваққиф шаваду муҳосираи инсонӣ алайҳи мардуми Ғазза поён ёбад.

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон ҳамчунин дар бораи интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Амрико гуфт, Доналд Трамп ва ё ҳар раиси ҷумҳурии дигаре аз назари Эрон бо рафтораш мавриди арзёбии қарор мегирад ва ин ки мардуми Амрико чӣ касеро интихоб мекунанд, мавзӯе аст, ки ба худи амрикоиҳо бармегардад.

 

Барчасп