Март 02, 2024 14:44 Asia/Dushanbe
  • гузориши хабарӣ / Мардуми Эрони исломӣ- пирӯзи интихобот

Ҳузури пуршӯри мардуми Эрони исломи дар ҳавзаҳои овоздеҳӣ бори дигар талоши душманонро барои таҳрими интихобот ба шикаст кашонд ва пуштвонаи мустаҳкам барои кишвар эҷод кард.

 Интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ барои интихоби 290 намоянда барои як давраи чаҳорсола ва шашумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ барои интихоби 88 узви ин маҷлис барои як давраи ҳаштсола , рӯзи ҷумъа дар шароите баргузор шуд, ки душманони хориҷӣ ва бархе афрод дар дохил таблиғоти густурдаеро бо ҳадафи таҳрими ин интихобот, аз муддатҳо пеш оғоз карда буданд.

 Бо вуҷуди ин ҳузури бошукӯҳи мардум дар пойи сандуқҳои раъй собит кард, ки мардум ба меҳварияти хеш дар низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон бовар доранд ва ҳузури 25 миллион дорои шароити раъй дар интихобот пуштвонаи бузург барои кишвар ва ниҳодҳои он ба вуҷуд овард.

 Душманон ва расонаҳои зиддиинқилоб, ба вежа саъй мекарданд, ки мизони мушорикати мардум дар интихоботро зери 20 дарсад рақам бизананд вале натоиҷе, ки то кунун мунташиршуда баёнгари мушорикати беш аз 40 дарсади дорои шароити раъй додан дар ин интихобот аст. Дар кишварҳои муддаии демокрасӣ барои ҳар курсии маҷлис ҳаддиаксар 10 нафар ба рақобат мепардозанд ва ин дар ҳоле аст, ки дар Эрон ин рақобат ба беш аз 50 нафар низ расидааст; Дар воқеъ дар Эрон ҳам шӯру иштиёқи мардум барои мушорикат дар таъйини сарнавишт ва идораи кишвар болост ва ҳам низоми сиёси мушорикати ҳаддиаксариро ба унвони нуқтаи ҳадафи иқтидор ва манофеъи миллӣ дар назар гирифтааст.

Дар ин ҳол ба назар мерасад бо таваҷҷуҳ ба истиқболи мардум ва мушорикат дар интихобот, акнун душманон бори дигар худро маҷбӯр ба мудохила ва тарҳи иддаоҳои беасос алайҳи баргузории интихобот дар Эрон дидаанд; Ба унвони мисол Абрам Пили-муовини намояндаи вежаи Вазорати умури хориҷаи Амрико дар умури Эрон рӯзи ҷумъа саъй кард машрӯъияти ин интихоботро зери савол бибарад ва дар як риштаматлаб дар шабакаи иҷтимоии Х муддаӣ шуд, ки « ҳукумати Эрон дар пайи истифода аз ин интихобот ба унвони витрине аз демокрасӣ аст, аммо то кунун ҳазорон номзадро радди салоҳият кардааст. Мардуми Эрон ба хубӣ медонанд, ки ин интихобот, ҳар натиҷае, ки дошта бошад, намояндаи онҳо нест ва мо низ бо онҳо ҳамақида ҳастем.»

 Ҳамчунин пеш аз ин Матио Миллер, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе дар изҳороте талош кард, ки бо зери савол бурдани интихобот дар Эрон, муддаии мушорикати ночизи шаҳрвандони эронӣ дар ин давра аз интихоботи Маҷлиси шӯрои исломӣ ва хубрагони раҳбарӣ шуд.

 Нуктаи муҳимми дигар дар бораи интихоботи рӯзи ҷумъа ин аст, ки бояд дар назар дошт ин интихобот дар шароити таҳрими иқтисодӣ ва ҳамчунин дар амният ва саломати комил баргузор шуд, ки ин низ пирӯзии дигаре барои мардум ва низоми Эрони исломӣ маҳсуб мешавад; чаро, ки мушкилоти иқтисодӣ дар кишвар аз ҷумлаи меҳварҳои таблиғии мавриди истифодаи расонаҳои душманӣ барои дур кардани мардум аз мушорикат дар интихобот буд; Ҳузури 25 миллион раъйдиҳанда дар интихобот собит кард, ки фориғ аз ҷанҷолҳои сиёсӣ ва сиёҳнамоии душманон, мардум мушкилоти иқтисодиро баҳонае барои адам мушорикат қарор надодаанд.

 Табиӣ аст интихобот дар давраҳои мухталиф баъд аз пирӯзии Инқилоби исломӣ, нақши асосӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар дошта ва дар воқеъ муҳиммтарин механизми мушорикати гурӯҳҳои сиёси будааст; Низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баргузории интихоботи гуногун аз авоили Инқилоби шукӯҳманди исломӣ то кунун, улгуи навини мардумсолори диниро бо мушорикати сиёсии аҳли ҷомеа ба ҷойгоҳи зуҳур расондааст.

 Саид Иброҳим Раисӣ-раисҷумҳури исломии Эрон низ пас аз инки дар Ситоди интихоботи Вазорати кишвар, раъйи худро ба сандуқ андохт, дар изҳори назари кӯтоҳе гуфт : Пирӯзи ин майдон, миллати Эрон аст ва бозандае надорад, чун ҳама ба таклиф ва масъулият амал кардаанд. Интихобот -зоидаи Инқилоби исломӣ аст. Раъйи мардум таъйинкунанда аст ва тамоми бахшҳои кишвар бо раъйи мардум рақам мехӯрад ва ин мавзӯъ аз ифтихороти низоми исломӣ аст.

 

Барчасп