Январ 05, 2017 12:27 Asia/Dushanbe
  • Ҷуброни қатъи воридоти гази Эрон аз Туркманистон

Муовини Ширкати миллии нафти Эрон гуфт, барои ҷуброни қатъи гази Туркманистон, тавлиди газ дар манотиқи марказии Эрон афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши шабакаи иттилорасонии нафту гази Эрон (ШОНО), Муҳсини Покнажод, муовини Ширкати миллии нафти Эрон гуфт, дар пайи қатъи содироти гази Туркманистон ва барои таъмини гази мавриди ниёзи манотиқи шимолии Эрон, тавлиди газ дар манотиқи марказии Эрон ба 300 миллион метримукааб газ дар рӯз афзоиш ёфт.

Ширкати “Туркмангаз”, аввали январи 2017 дар иқдоми ногаҳонӣ ва ба баҳонаи қарзи Ширкати миллии гази Эрон ба Туркманистон, гази ирсолӣ ба Эронро қатъ кард.

Туркманистон дар соли 2009 низ дар авҷи сармои замистон барои афзоиш додани нархи гази худ, интиқоли газ ба Эронро қатъ карда буд.

Ширкати миллии гази Эрон сешанбешаб дар иттилоияе дар хусуси қатъи содироти гази Туркманистон ба Эрон эълом кард, ин ширкат ихтилофоти худ бо ширкати “Туркмангаз”-ро ба довари байналмилалӣ мефиристад.

Ин иқдоми Туркманистон, мушкилоти бисёреро барои устонҳои шимолии Эрон эҷод кардааст.

 

Барчасп