Март 03, 2024 17:19 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Азми Эрон барои густариши равобит бо қорраи Африқо
    Тафсир: Азми Эрон барои густариши равобит бо қорраи Африқо

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои тақвияти ҳамкориҳо бо созмонҳо ва иттиҳодияҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ва низ густариши равобит бо кишварҳои қорраи Африқо рузи шанбе дар садри ҳайати иқтисодӣ ва сиёсӣ ва ба даъвати раиси Ҷумҳурии Алҷазоир озими Алҷазира пойтахти ин кишвар шуд.

Сайид Иброҳими Раисӣ пеш аз азимат ба Алҷазира бо ишора ба ин ки ин сафар ба даъвати расмии раиси Ҷумҳурии кишвари дуст ва бародари Алҷазоир баргузор мешавад таъкид кард: Қорраи Африқо ба шакли ом ва кишварҳои исломии ин қорра ба шакли хоси ҷойгоҳи мумтози дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон доранд ва умедворам ин сафар битавонад дар тақвияти равобити минтақаи ғарби Осиё шимоли Африқо нақши ба сазои дошта бошад.

Руйкарди давлати сездаҳуми Эрони густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои қорраи Африқо ба вижаи кишварҳои исломии ин қорра аст дар ҳамин чорчуб раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тирмоҳи соли 1402 ба даъвати расмии раисони Ҷумҳурии Кениё, Уганда ва Зимбабве озим Африқо шуд ва дар ин сафари 3 руза дар маҷмуъ 21 санади ҳамкори ба имзо расид.

Бо ин руйкарди давлати сездаҳум барномаи рушди содироти ғайринефтӣ ва густариши равобити тиҷорӣ бо Африқо шиддат гирифт ва дар ду соли гузашта беш аз панҷоҳ ҳайати расмӣ аз Африқо ба Эрон сафар карда ва қарордодҳои мухталифии мунъақид шудааст.

Бо вуҷуди ин ҳаҷми тиҷорати Эрон ва кишварҳои Африқоӣ ҳарчанд дар мақотеъи ру баҳ рушд буда аст аммо бо ҳадафгузории тиҷорати 10 миллиард долларӣ, фосила зиёдӣ дорад дар ҳоли ҳозири воридоти Африқо наздик ба 600 миллиард доллар эълом шудааст вале саҳми Эрон аз ин мизон ба 2 миллиард доллар намерасад ин дар ҳоле аст ки заминаҳои ҳамкорӣ ва афзоиши муносиботи тиҷории Эрон ва Африқо ба вижа дар заминаҳои энержӣ, фаннӣ-муҳандисӣ, ҳамлунақл, кишоварзӣ ва маъданӣ қобил тавваҷуҳ аст ба унвони мисоли Африқо зарфиятҳои бисёре барои воридоти колоҳои эронӣ ҳамчун лавозими хонагӣ, фарш, таҷҳизоти электрикӣ, абзори интиқолу тавзеъи барқ, мансуҷот, пушок ва таҷҳизоти кишоварзӣ дорад.

Масъалаи ҳамлунақл, замонатномаҳо ва ҳамчунин мабоҳиси банкӣ ва интиқоли пул аз ҷумлаи мушкилоти пеши ру барои густариши равобити тиҷории Эрон ва Африқо шимурида мешавад.

Сайидурҳуллоҳи Латифӣ муовини бошгоҳи тиҷҷории Эрон ва Африқо дар ин бора мегуяд: Саҳми мо аз тиҷорат бо қорраи Африқо, саҳми ночизе аст ва барои афзоиши тиҷорат бояд зимни муаррифии колоҳои эронӣ ба бозори Африқо, фароҳам овардани шинохти муносиб аз қавонин ва бозори тарафайн мавонеъи ҳамли коло ва ҷобаҷоеи пул бартараф шавад.

Илова бар ҷанбаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, буъди сиёсии равобит бо кишварҳои қорраи Африқо низ барои Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳим аст кишварҳои Африқоӣ як севуми кишварҳои ҷаҳонро ташкил медиҳанд, бинобарин густариши равобит бо ин кишварҳо, метавонад ҳар чи бештар заминаи бархурдори аз ҳимоятҳои байналмилалӣ барои Эронро ки таҳти таҳримҳои ғайри қонунии ғарб аз ҷумлаи Амрико қарор дорад фароҳам кунад; бояд дар назар дошт ки 30 кишвари исломӣ дар ин қорра вуҷуд дорад ва ҳудуди 50 дарсади ҷамъияти он мусулмонанд, ҳамчунин 50 кишвар аз 54 кишвари ин қорра узви ҷунбиши адами таъаҳуд ҳастанд ва ин ҷунбиш токунун ду навбат ба таври иҷмоъ аз ҳақи Эрон барои истифодаи сулҳомез аз дониши ҳастаӣ дифо кардааст.

Барчасп