Духтари нобиғаи эронӣ-беҳтарин коднависи ҷаҳон
(last modified Tue, 05 Mar 2024 05:21:35 GMT )
Март 05, 2024 10:21 Asia/Dushanbe
  • Духтари нобиғаи эронӣ-беҳтарин коднависи ҷаҳон

Духтари нобиғаи эронӣ беҳтарин коднависи ҷаҳон шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Гулсо Шамсипур-духтари нобиғаи Эрон дар мусобиқоти "Оскрич Ҷуниор-забони барноманависи муқаддамотии кӯдакони хурдсол, беҳтарин коднависи ҷаҳон шуд.

 Коднависӣ истилоҳи куллӣ барои дастуруламали барномаҳои компютер аст, ки дар ду маънии умумӣ ба кор меравад.

 Дар маънои нахуст ба маънии коди манбаъи барнома, яъне дастуруламалҳои қобили хондан тавассути инсон, ки тавассути барноманавис ба як забони барноманависӣ навишта мешаванд. Дар маънои дувум ба маънии коди қобили иҷро тавассути мошин, яъне дастуруламалҳои барнома аст, ки аз қолаби коди манбаъ ба қолабе, ки қобили фаҳм барои роёна аст, табдил шудаанд.