Амирабдуллоҳиён: Режими саҳюнистӣ ба дунболи ҳазфи таъриху ҳувияти миллати Фаластин аст
(last modified Wed, 06 Mar 2024 12:50:08 GMT )
Март 06, 2024 17:50 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён:  Амрикоиҳо имрӯз аз кумакҳои инсонӣ суҳбат мекунанд ки иқдоме риёкорона аст
    Амирабдуллоҳиён: Амрикоиҳо имрӯз аз кумакҳои инсонӣ суҳбат мекунанд ки иқдоме риёкорона аст

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, иқдоми хатарноке, ки режими саҳюнистӣ дунбол мекунад, ин аст, ки таъриху ҳувияти Фаластинро дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳазф кунад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён сешанбешаб дар ҳошияи нишасти Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷадда ва дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: Дархости ошкори мо аз кишварҳои исломӣ ин буд, ки бояд ҳар чӣ зудтар қатъи робитаи дипломатӣ бо режими саҳюнистӣ, қатъи ирсоли коло ва қатъи хариди коло аз ин режим дар сатҳи давлатҳои исломӣ анҷом шавад.

Вай изҳор дошт: Дар баёни мавозеи кишварҳои исломӣ дар ҳимоят аз Ғазза ҳеҷ ихтилофи назари ҷиддӣ вуҷуд надорад, аммо он чӣ имрӯз Фаластин барои ҳимоят аз худ ниёз дорад басанда накардан ба баёнияҳои сиёсӣ аст.

Амирабдуллоҳиён дар идома афзуд, амрикоиҳо имрӯз аз кумакҳои инсонӣ суҳбат мекунанд, ин иқдомот риёкорона аст, Амрико дар ин ҷанг дар канори Исроил буд, балки мудирияти ҷанг бар ӯҳдаи Амрико аст.

Режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Ғарб ва барои ҷуброни шикаст дар амалиёти “Тӯфони Алақсо”, куштори густардаеро дар Ғазза ба роҳ андохтааст. Ин режим тамоми гузаргоҳҳои навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.