Пайвастани ду новшикани сохти мутахассисони эронӣ ба Нерӯи дарёии артиш
(last modified Wed, 06 Mar 2024 16:36:53 GMT )
Март 06, 2024 21:36 Asia/Dushanbe
  • Новҳо ба дасти тавонманди мутахассисони Нерӯи дарёии артиши Эрон сохта шудаанд
    Новҳо ба дасти тавонманди мутахассисони Нерӯи дарёии артиши Эрон сохта шудаанд

Ду новшикани Саҳанд ва Албурз ва новҳои мушакандози Зиреҳ ва Хаданг дар маросиме ба Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон мулҳақ шуд.

Амири дарёдор Шаҳроми Эронӣ, фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломӣ имрӯз – чаҳоршанбе, дар маросиме дар минтақаи якуми Неруи дарёии артиш дар БандарАббос (ҷануби Эрон) гуфт, ин новҳо ба дасти тавонманди мутахассисони Нерӯи дарёии артиш сохта шудаанд, ки шомили таҷҳизоту мушакҳои крузи сатҳ ба сатҳ, соҳил ба дарё, аждарҳо, сомонаҳои мухобиротиву ҷанги электронӣ, радарҳои иртифои кам ва боло ҳастанд.

Амири дарёдор Шаҳроми Эронӣ дар ин маросим аз моторҳои бумии 4 замонаи дизелии пешронаи новҳои размии пуштибониву новшканҳо, радари тактикии сатҳиву ҳавоии иртифои ками дарёдор бо қобилияти намоиши аҳдофи собиту мутаҳаррик ва зидди амалиёти ҷанголи душман низ рӯнамоӣ кард.

Фармондеҳи Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон изҳор дошт, илова бар пайвастани таҷҳизоту сомонаҳои ҷадид ба Неруи дарёии артиш, имрӯз таҷҳизоту сомонаҳои барӯзи болгардӣ, паҳбодиву мушакӣ низ дар ҳаводарёи Неруи дарёии роҳбурдии артиш дар БандарАббос мулҳақ шуд.

Амири дарёдор Шаҳроми Эронӣ афзуд, паҳподи Ораш бо бурди беш аз ду ҳазор километр, паҳбоди Бовар бо қобилияти насбу истиқрор дар новҳову новшиканҳо, паҳбоди парсазану ҳушманди интиҳории Санҷар бо қобилияти насбу истиқрор дар новҳову новшиканҳо, ҳавонови BH - 7 муҷаҳҳаз ба мушаки крузи Насир бо бурди беш аз 100 километр, ҳавонови SRN – 6 ва болгарди таробарии сангини истолиюни RH3D аз дигар таҷҳизоту сомонаҳои барӯз аст, ки ба Неруи дарёии роҳбурдии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон пайваст.

Эрон бо доро будани ҳудуди 1000 киштӣ, бузургтарин қудрати тиҷорати дарёӣ дар минтақаи Ғарби Осиё буда ва беш аз як сеюми киштиҳои ин минтақаро ба худ ихтисос додааст.

Амалиёту ҳузури неруҳои дарёии Эрон намоди тавоноӣ, қудрату омодагии неруҳои мусаллаҳи кишвар барои муқобила бо таҳдидҳову танишофаринии Амрико ва давлатҳои ғарбӣ аст, ки аз ҳар фурсате барои эҷоди буҳрону ноамнӣ дар минтақа истифода мекунанд.

Неруии дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо ҳузур дар обҳои байналмилалӣ ва уқёнусҳо тавоноиҳои амалиётиву тактикии худро ба намоиш мегузорад.