Март 07, 2024 11:30 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати саноеъи дастии эронӣ дар Ироқ
    Тиҷорати саноеъи дастии эронӣ дар Ироқ

Мудири кули дафтари Ғарби Осиёи Созмони тавсеаи тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон аз эъзоми нахустин ҳайати тиҷории Эрон дар заминаи саноеъи дастӣ ба Ироқ хабар дод .

Ба гузориши рузи чаҳоршанбеи хабаргузории Садо ва  Симо, « Абдуллоҳамир  Рабиҳовӣ » мудири кули  дафтари Ғарби Осиёи Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бо ишора ба эъзоми нахустин ҳайати тиҷории Эрон дар заминаи саноеъи дастӣ ба Ироқ гуфт : Санъатгарон ва  ҳунармандони эронӣ бо ҳадафи муаррифии зарфиятҳои бозаргонии саноеъи дастии Эрон ба Ироқ дар ин рӯйдод ширкат карданд

Рабиҳовӣ бо баёни инки дар ин рӯйдод беш аз 30 санъатгари эронӣ ширкат карданд , афзӯд : Санъатгарони устонҳои Гилон , Хуросони ҷанӯбӣ , Теҳрон , Бушеҳр , Ҳамадон , Форс , Занҷон ва  Исфаҳон дар бахшҳои мухталифе чун ҳасирбофӣ , чарм, , саноеъи чӯб , порча , тазъиноти дарёӣ , минокорӣ , фирӯза кубӣ , мис , габба , гилем , муъаррақ , чарм , суфол , тазъинот ва  наққошии рӯй аҷсом , ҳунари дасти худро дар Ироқ арза карданд .

 

Мудири кули дафтари Ғарби Осиёи Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бо ишора ба истиқбол бе назири утоқи бозаргонии Наҷаф аз ҳузури санъатгарони эронӣ , тасреҳ кард : Баргузарии рӯйдодҳои аз ин даста метавонад нақши муҳиммӣ дар шиносоии зарфиятҳои мухталифи тиҷории Эрон аз ҷумлаи саноеъи дастии кишвар ба Ироқ дошта бошад .

Равобити роҳбурдии миёни Эрон ва  Ироқ дар заминаҳои мухталифи сиёсӣ , амниятӣ , низомӣ , тиҷорӣ ва фарҳангӣ густарда мебошад ва  иродаи раҳбарони олии ду кишвар бар иртиқои сатҳи ҳамкориҳо ва  таъомулоти дуҷониба аст .

Барчасп