Қаҳрамонии Эрон дар рақобатҳои куштии фарангӣ дар Туркия
(last modified Sat, 09 Mar 2024 06:22:36 GMT )
Март 09, 2024 11:22 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Эрон дар рақобатҳои куштии фарангӣ дар Туркия

Тими миллии куштии фарангии Эрон бо касби 4 медали тило, 5 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ дар рақобатҳои Туркия ба қаҳрамонӣ расид.

Ба гузориши ИРНА, рақобатҳои байналмилалии куштии фаранги(юнонӣ-римӣ)и Ҷоми Ваҳбӣ Имреи Туркия рӯзҳои 7 ва 8 март дар шаҳри Анталия баргузор шуд ва дар поён намояндагони Эрон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

 Барои тими Эрон дар ин мусобиқот Пӯё Додмарз дар вазни 55 килограмм, Саиди Исмоилӣ дар вазни 67 килограмм, Амини Ковиёнинажод дар вазни 77 килограмм ва Муҳаммадҳодии Соравӣ дар вазни 97 килограмм ба медали тилло, Амирризо Дебузургӣ дар вазни 60 килограмм, Алии Иску дар вазни 77 килограмм, Расули Гармсерӣ дар вазни 82 килограмм, Маҳдии Болӣ дар вазни 97 килограмм ва Амини Мирзозода дар вазни 130 килограмм ба медали нуқра, Амири Абдӣ дар вазни 77 килограмм, Аббоси Маҳдизода дар вазни 82 килограмм ва Фардини Ҳидоятӣ дар вазни 130 килограмм ба медали бринҷӣ даст ёфтанд.

 Дар радабандии тимӣ Эрон бо 166 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ расид ва тимҳои Туркия бо 107 имтиёз ва Қирғизистон бо 97 имтиёз дувум ва севум шуданд.