Тафсир. Имзои бузургтарин қарордоди газии Эрон бо ширкатҳои дохилӣ
(last modified Mon, 11 Mar 2024 11:03:19 GMT )
Март 11, 2024 16:03 Asia/Dushanbe
  • Даромади бештари Эрон аз нафт нишонаи шикасти талоши Вашингтон дар таҳрими санъати нафти Теҳрон аст
    Даромади бештари Эрон аз нафт нишонаи шикасти талоши Вашингтон дар таҳрими санъати нафти Теҳрон аст

Вазири нафти Ҷумҳурии исломии Эрон дар маросими имзои бузургтарин қарордоди газӣ бо ширкатҳои дохилӣ, таъкид кард, ки таҳримҳо натавонист монеи рушду пешрафти санъати нафту гази Эрон шавад.

Ҷаводи Авҷӣ, вазири нафти Эрон рӯзи якшанбе, пас аз имзои бузургтарин қарордоди газии таърихи кишвар барои афзоиши фишор дар майдони муштараки Порси Ҷанубӣ (халиҷи Форс) ба арзиши 20 миллиард доллар афзуд, бо иҷрои ин қарордод бо ширкатҳои дохилӣ, тавлиди гази Эрон аз майдони муштараки Порси Ҷанубӣ то 70 соли оянда тазмин хоҳад шуд.

Авҷӣ гуфт, бо вуҷуди таҳримҳои Ғарб, ба ҳар куҷо, ки ирода кунем, нафту муштақоти онро содир мекунем.

Имзои бузургтарин қарордоди газии Эрон бо ширкатҳои дохилӣ

 

Вазири нафт бо таъкид бар ин ки таҳримҳову коршиканиҳо натавонист монеи рушду пешрафти санъати нафту гази Эрон шавад, гуфт, аксари захоири газии кишвар дар майдони муштараки Порси Ҷанубӣ қарор дорад ва хӯроки полоишгоҳ, петрошимӣ ва ҳатто тавлиди бензини дохил низ ба Порси Ҷанубӣ вобаста аст.

Авҷӣ пешбинӣ кард, бо рафъи мушкили уфти фишор дар майдони муштараки Порси Ҷанубӣ бо Қатар, солона ҳудуди 900 миллион доллар ба даромадҳои нафтии кишвар афзуда хоҳад шуд. Майдони нафтиву газии Порси Ҷанубӣ -бузургтарин майдони газии ҷаҳон аст, ки дар халиҷи Форс ва ба таври муштарак дар обҳои сарзаминии Эрон (ҳудуди 33 дарсад) ва Қатар (ҳудуди 67 дарсад) қарор дорад.

Бенатиҷа бадани таҳримҳо дар тавсеаи бахши эронии майдони нафтиву газии Порси Ҷанубӣ дар халиҷи Форс

 

Порси Ҷанубӣ

 

Афзоиши зарфияти тавлид ва ба мувозоти он фурӯши нафт дар бозорҳои байналмилалӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳое аст, ки дар давлати сездаҳуми Эрон раванде пуршитоб ба худ гирифтааст. Бо афзоиши 40 дарсадии содироти нафт дар канори рушди 350 дарсадии содироти мойеъоноти газӣ дар моҳҳои ахир, Эрон тавонистааст вусули даромадҳои нафти хом, мойеъоноти газӣ, фаровардаҳои нафтӣ ва маҳсулоти петрошимиро 300 дарсад афзоиш диҳад.

Ин дар ҳолест, ки амрикоиҳо ҳатто аз тариқи абзори низомӣ ҳам талош карданд, ки чунин муваффақияту пешрафтҳое дар фурӯшу санъати нафтии Эрон рӯй надиҳад. Намунааш моҷарои сирқати нафткаши эронӣ дар ноябри 2021 буд, ки бо дахолати Неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ноком монд. Дар воқеъ, Эрон бо дар пеш гирифтани стратегияи муқовимати ҳаддиаксарӣ на фақат аз роҳҳои мухталиф ба хунсо кардани таҳримҳои Амрико, аз ҷумла дар заминаи содироти нафту фаровардаҳои нафтӣ пардохта, балки бо вуҷуди таҳримҳои золимона, тавсеаи санъати нафту гази Эрон мутаваққиф нашудааст.

Аз сӯи дигар, афзоиши зарфиятҳову тавонмандиҳои дохилӣ барои коҳиши осебпазирӣ дар муқобили фишорҳои хориҷӣ ва низ таъмини ниёзҳои дигар кишварҳо дар дастури кор қарор гирифтааст. Намунаи ин амр сохти нафткашҳои азим тавассути саноеи дарёии Эрон барои Венесуэла аст, ки на фақат нишонаи тавонмандии санъативу технологии Эрон, балки ҳокӣ аз шикасти талоши Вашингтон барои маҳдуд кардан ва дар тангно қарор додани Теҳрон аст.