Январ 05, 2017 18:03 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоби Исломӣ: Шаҳидони мудофеи ҳарам мояи ифтихоранд

Хонаводаҳои ҳафт шаҳиди мудофеи ҳарам аз нерӯҳои вижаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дидор карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидор бо ин хонаводаҳо бо қадрдонӣ аз мақоми волои шаҳидон гуфтанд, ин шуҳадо на танҳо барои артиш, балки барои ҳамаи миллат мояи ифтихоранд. Эшон бо баёни ин ки ин шуҳадои ҳарам буданд, ки душманро замингир карданд, афзуданд, “агар ҷилави бадхоҳон ва фитнагарон, ки абзори дасти душмани Амрико ва саҳюнизм ҳастанд, дар ҳарами ҳазрати Зайнаб гирифта намешуд, бояд дар Теҳрон, Форс, Хуросон ва Исфаҳон ҷилави онҳоро мегирифтем”. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ афзуданд: “Ҳамсарони муҳтарами бархе аз ин шаҳидон дар ташйиъи ҷанозаи ҳамсаронашон матолибе гуфтанд, ки болотар аз сатҳи фаҳми маъмулии мо, инсонҳои моддӣ аст”.

Шаҳидони ҳарам дар дифоъ аз ҳарами ҳазрати Зайнаб  дар Сурия ба шаҳодат расидаанд.

 

Барчасп