Март 14, 2024 13:26 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонӣ аз нақши муассири Эрон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай
    Қадрдонӣ аз нақши муассири Эрон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

Муовини  Дабири кули дабирхонаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо табрики узвияти Эрон дар ин Созмон , нақши Эронро дар пешбурди аҳдофи дармонӣ ва беҳдоштии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай муассир тавсиф кард .

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Садо ва  Симо ;  муовини Дабири кули дабирхонаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ифтитоҳияи ҳафтумин давраи Иҷлоси вузарои саломати кишварҳои узв Шанхай гуфт : Узвияти Эрон метавонад ба иртиқои саломати беш аз 3 миллиард нафар аз мардуми ҷамъияти кишварҳои узви Шанхай кумак кунад .

Вай афзӯд : Ҳамкории кишварҳои узви Шанхай метавонад дар расидан ба аҳдофи ин Иҷлос дар бахши саломат аз ҷумла маҳор бисёре аз бемориҳои вогир ва  ғайри вогир муассир бошад ва дар таъмини оби ошомидании солим ва  эман , кумак кунад .

Мавзӯи иҷлоси имсол мавзӯи муҳими саломат ва  эминии оби ошомиданӣ ва  дафъи фозилобаст ва 9 узви собити Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз кишварҳои Ҳинд , Чин ва  Русия, Эрон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва  Қирғизистону Покистон дар сатҳи вазир ё муовини вазир дар ин Иҷлос ҳузур ва суханронӣ доранд .

Барчасп