Март 22, 2024 22:08 Asia/Dushanbe
  • Амири Абдуллоҳён: Натаняҳу ба поёни хат расида аст
    Амири Абдуллоҳён: Натаняҳу ба поёни хат расида аст

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугуи телефонии раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин таъкид кард, Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ба поёни роҳ расида аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ҳусейн Амирабдуллоҳён вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугуи телефонӣ Исмоил Ҳания раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" гуфт: Барои ҷаҳони қобил дарак аст ки Натаняҳу ба поёни хат расида аст ва сирфан барои бақои худ дасту по мезанад .

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён афзуд: Ҳамонгунае ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд бо истодагии мардум ва муқовимати Фаластин, режими Исроил дар ботлоқи ҷанги Ғаззаи гирифтор омада аст .

Вазири умури хориҷаи ҳамчунин Ҳанияро дар ҷараёни охирин ройзаниҳо ва таҳаррукоти диплумотики Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи мушорикати фаъол дар нишастҳои байналмилалӣ дар мавриди Фаластин қарор дод .

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос низ дар ин гуфтугуи телефонӣ, зимни иблоғи саломҳои гарми худ ба мақоми муаззами раҳбарӣ ва раиси ҷумҳури Эрон ва табрики соли ҷадид ва моҳи мубораки Рамазон ба давлату миллати Эрон, охирин таҳаввулоти сиёсӣ ва майдонии дар Ғаззаро шарҳ дод.