Март 23, 2024 18:04 Asia/Dushanbe
  • Хоккейи салонии Эрон дар ҷойгоҳи дувуми радабандии ҷаҳонӣ
    Хоккейи салонии Эрон дар ҷойгоҳи дувуми радабандии ҷаҳонӣ

Тими миллии хоккейи салонии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар охирин радаибандии ҷаҳонӣ дар ҷойгоҳи дувум қарор дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар охирин радабандии сомонаи ҷаҳонии Хоккей "FIH" тими миллии хоккейи салонии Эрон бо 1650 имтиёз ва як пилаи суъуд, дар ҷойгоҳи дувуми ҷаҳон қарор гирифт .

Дар ин радабанди тими Австрияи қаҳрамони ҷаҳон дар рутбаи нахуст ва тими миллии хоккейи Белгия дар рутбаи севум ва поинтар аз тими миллии хоккей Эрон қарор дорад .

Радабандии сомонаи ҷаҳонии хоккей "FIH"

Олмон, Ҷумҳурии Чехия, Ҳоланд, Африқои Ҷанубӣ, Полша, Амрико ва Швейтсарияи ҳам дар мақомҳои чаҳорум то даҳуми радабандии ҷаҳонӣ қарор доранд.

Барчасп