Милоди босаодати Имом Ҳасани Муҷтабо (а) муборак
(last modified Tue, 26 Mar 2024 05:08:24 GMT )
Март 26, 2024 10:08 Asia/Dushanbe
  • Милоди босаодати Имом Ҳасани Муҷтабо (а) муборак

Имрӯз (сешанбе ), ҳафтуми фарвардини 1403 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 15 моҳи мубораки Рамазони 1445 ҳиҷрии қамарӣ ва 26 марти 2024 , мусодиф бо солрузи милоди фархундаи ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а) набераи поки Паёмбари азимушшаъни Ислом ва имоми дувуми шиъаёни ҷаҳон аст.

Имом Ҳасани Муҷтабо (а), ки дар нимаи моҳи мубораки Рамазони соли севуми ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина қадам ба арсаи вуҷуд ниҳоданд, нахустин фарзанди амири муъминон Алӣ ибни Абитолиб (а), имоми аввали шиъаёни ҷаҳон ва ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), духтари Паёмбари акрам (с) буданд, ки Худованд ба ин ду бузургавор иноят кард.

 Ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) дар рӯзи валодати аввалин фарзандашон, кӯдаки хешро назди Расули Худо (с) бурданд, то номе барояш интихоб фармоянд; Паёмбар (с) низ ба амри Худованд, номи ӯро «Ҳасан» ба маънои некӯ ва писандида гузоштанд.

Имом Ҳасан (а) ин ифтихорро доштанд, ки ҳафт сол аз зиндагии хешро дар сояи пурмеҳру лутфи ҷаддашон Паёмбари ислом (с) сипарӣ кунанд ва ишон дар ин фурсати гаронбаҳо, аз анвори тобноки вуҷуди Паёмбари гиромии Ислом (с) баҳра бурданд ва пас аз он 30 сол шогирди тезҳӯш ва ёвари садиқ барои падари гиромишон ҳазрати Алӣ (а) буданд.

 Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, валодати ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а)-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти исмату таҳорат алайҳумус-салом табрик ва таҳният мегӯяд.