Сафари Исмоил Ҳания ба Теҳрон ва дидор бо Ҳусайн Амирабдуллоҳиён
Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) баъд аз зуҳри имрӯз (сешанбе) бо сафар ба Теҳрон бо Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон дидору дар бораи таҳаввулоти Ғазза гуфтугӯ кард.
Ба гузориши ИРНА, баррасии охирин вазъияти ҷанги Ғазза ва таҷовузоти мустамари режими саҳюнистӣ, алайҳи фаластиниёни Борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарии руди Урдун, аз ҷумлаи муҳимтарин дастури корҳои ин сафар ва гуфтугуҳо миёни мақомоти тарафайн аст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин муддати шаш моҳе, ки аз оғози таҷовузоти ҷангӣ ва наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён мегузарад, аз тамоми тавони дипломатии худ ҷиҳати таваққуфи ҷангу ирсоли фаврии кумакҳои башардӯстона ба мардуми Ғазза истифода кардааст.