Март 26, 2024 17:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳақиқиён: Наврӯз арзишҳои муштараки эрониёну тоҷиконро ба ҳам муттасил кардааст

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Наврӯзро асилтарину қадимитарин ҷашни ба ҷо монда аз даврони Эрони бостон донист ва гуфт, решаҳои ин ҷашн умқи таърих ва марзҳоро дарнавардида ва эрониёну тоҷиконро ба ҳам муттасил кардааст.

Маросими ҷашни иди Наврӯзи фарвардини соли 1403 дар маҳали сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик, суфаро ва дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ ва эрониёни муқим баргузор шуд.

Ҳақиқиён аз ҳузури суфаро ва дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон дар маросими ҷашни Наврӯз ва соли нави эрониён, қадрдонӣ ва ибрози умедворӣ кард, ки ин сол барои ҳама соли зебоӣ, шукуҳ, азимат, хушбахтӣ ва шодкомӣ бошад.

Вай гуфт, Наврӯз танҳо як ҷашн нест, балки нишоне аз истиқомату ғанои фарҳангии мост. Дар ҳоле, ки ин идро ҷашн мегирем, пайвандҳое, ки моро муттаҳид мекунад ва аз мироси муштараки мо неру мегирадро гиромӣ медорем. Бошад, ки рӯҳи Наврӯз ба мо ангеза диҳад то арзишҳои сулҳ, дӯстӣ, меҳрбонӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳусни ниятро нисбат ба ҳамагон пазиро бошем.

Дар ин маросим «Гуруҳи мусиқии Сурӯши Мавлоно» зимни табрики Наврӯз ба ширкаткунандагони маросим ва ибрози итминон ба таҳкиму густариши равобити бародарона миёни Тоҷикистону Эрон, чанд барномаи шоди наврӯзӣ иҷро карданд, ки мавриди истиқболу ташвиқи ҳуззор қарор гирифт.