Тафсир - Таъкиди Покистон бар ниёз ба гази Эрон
(last modified Thu, 28 Mar 2024 09:03:04 GMT )
Март 28, 2024 14:03 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Таъкиди Покистон бар ниёз ба гази Эрон

Мусаддиқ Малик, вазири нафти Покистон дар мавриди хариди газ аз Эрон таъкид кард, мавзеи Исломобод равшан аст ва Покистон нисбат ба пружаи интиқоли газ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон сирфан ибрози тамоюл намекунад, балки ниёзманд ба ин пружа аст.

Вазири нафти Покистон муддаӣ шуд, Покистон содиқона дар талош барои пешбурди ин пружа аст ва ин тааҳҳудро борҳо ба бародарони эронии худ мунтақил кардааст.

Агарчӣ давлати ҷадиди Покистон аз тавсеаи равобит бо Теҳрон сухан мегуяд ва ваъдаи иҷрои тарҳи хатти лӯлаи интиқоли гази Эрон дар хоки Покистонро додааст, ки ниёзманди ростиозмоӣ дар тӯли замон аст, аммо дар ҳудӯди панҷ даҳаи гузашта давлатҳои мустақар дар Исломобод ҳеҷ гоҳ ба ваъдаи худ дар ин хусӯс амал накардаанд.

Муҳсини Руӣсифат, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд: “Ҳудӯди панҷ даҳа аст, ки аз тарҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои интиқоли газ ба шибҳи қораи Ҳинд таҳти унвони хатти лӯлаи сулҳ мегузарад. Ба рағми ваъдаи давлатҳои ҳоким дар Исломобод дар тӯли панҷ даҳа барои иҷроӣ кардани тарҳи хатти лӯлаи интиқоли гази Эрон дар хоки худ ин тарҳи таҳти таъсири сиёсатҳои Амрико ҳамчунон билотаклиф аст ва иддаои мақомоти Покистон дар ҳадди шиор ва авомфиребӣ боқимонда аст”.

Ҷумҳурии Исломии Эрон чандин даҳа аст ба тааҳҳудоти худ дар ин хусӯс амал карда ва хатти лӯлаи интиқоли газро то марзи Покистон эҳдос кардааст. Аммо бетаваҷҷӯҳии давлатҳои ҳизбӣ ва ё низомӣ дар Покистон ба тааҳҳудоти ин кишвар аз яксӯ ва фишорҳои Амрико бар Исломобод аз сӯи дигар боис шудааст то эҳдоси хатти лӯлаи интиқоли гази Эрон дар хоки Покистон маъаттал бимонад.

Ин дар ҳоле аст, ки Покистон ба шиддат ниёзманди энержӣ барои масорифи хонагӣ ва саноатӣ аст. Ахиран низ Амрико бо дахолат дар умӯри энержии Покистон эълом кард, ки монеъ аз эҳдоси хатти лӯлаи интиқоли гази Эрон дар хоки Покистон хоҳад шуд. Мавзӯе, ки ба зоҳир асабонияти мақомоти Покистонро барангехта ва вазири энержии ин кишвар дар вокуниш ба сангандозии Амрико дар масири иҷрои пружаи муштараки газӣ бо Эрон эълом кард, Покистон ба гази Эрон ниёз дорад ва агар Ироқ, Туркия ва ё Ҷумҳурии Озарбойҷон қодир ба баҳрагирӣ аз муъофияти таҳримӣ ҳастанд, Покистон низ бояд битавонад аз ин имтиёз барои иҷрои хатти лӯлаи гази Эрон баҳраманд шавад.

Ба гуфтаи вай, ба кишвари бародари худ Эрон низ итминон медиҳем Покистон ба пружаи газӣ, мутааҳҳид ва хоҳони сармоягузорӣ рӯи он аст.

Вазорати хориҷаи Покистон ҳафтаи гузашта низ эълом кард, мутобиқ бо рӯҳи тавофуқи дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон мутааҳҳид ба иҷрои пружаи муштараки газӣ аст, аммо ин гуна иддаоҳо ниёзманди ростиозмоӣ аст, ки ниёзманди замон аст.

Дар ҳар ҳол, Теҳрон интизор дорад давлати Исломобод бо иттихози мавзеи қотеъ дар баробари бархе фишорҳои дохилӣ ва хориҷӣ гоми ҷиддӣ барои иҷроӣ кардани хатти лӯлаи интиқоли гази Эрон дар хоки Покистон бардорад ва як бор барои ҳамеша истиқлол дар тасмимгирӣ дар бахши энержиро ба намоиш бигузорад ва нишондиҳад, ки барои таъмини ниёзҳои худ ба тавоноиҳои дохилӣ ва манобеи энержии кишвари ҳамсоя муттакӣ аст ва аз истиқлол дар тасмимгирии худ дифо мекунад.

Вазорати нафти Покистон ҳудӯди як моҳи пеш бо судӯри баёнияе такмили пружаи муштараки газӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эронро мӯҷиби тақвияти амнияти энержии Исломобод донист ва эълом кард, ки Кумитаи энержӣ дар кабинаи давлати Покистон бо тарҳи эҳдоси хати лӯлаи 81 километрӣ аз бандари Гвадар то марзи муштараки Покистон бо Эрон мувофиқат кардааст, аммо ончӣ муҳим аст, билфеъл кардани ин ваъдаҳо ва суханони шиъоргуна аст.

Мақомоти сиёсӣ дар Покистону коршиносони ҳавзаи иқтисодӣ ва энержии ин кишвар ҳамвора таъкид доранд, давлати Исломобод бояд бо истифода аз зарфияти билқувваи энержии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар масири ғалаба бар буҳрони энержӣ гом бардорад, ҳаракате, ки ниёзманди азми ҷиддии давлатмардони Покистон аст.