Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ
(last modified Tue, 02 Apr 2024 03:15:29 GMT )
Апрел 02, 2024 08:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ

Режими ишғолгари саҳюнистӣ сохтумони консулгарии Эрон дар муҷовирати сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқро ҳадаф қарор дод .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва  Симо , расонаҳои давлатии Сурия , асри душанбе аз ҳамлаи ҳавоии артиши режими саҳюнистӣ аз самти минтақаи Ҷавлони ишғолӣ ба бахши кконсулии сафорати Эрон (дар муҷовирати сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон) дар шаҳри Димишқ хабар доданд .

 

Тибқи ин гузориш , ин ҳамла , ба тахриби комили сохтумони консулгарии Эрон дар Димишқ ва  шаҳиду захмӣ шудани ҷамъӣ аз коркунони ин консулгарӣ мунҷар шудааст .

Дар ҳамин росто , « Файсал Алмақдод » вазири умӯри хориҷаи Сурия душанбе шаб бо ҳузур дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни маҳкӯм кардани ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Димишқ гуфт: Режими саҳюнистӣ ҳаргиз нахоҳад тавонист ба равобити Сурия ва  Ҷумҳурии Исломии Эрони халалӣ ворид кунад .

«Ҳусайн Акбарӣ»  сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон низ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт: «Режими саҳюнистӣ бо шаш мушак сохтумонро ҳадаф қарор дод ва ман дар маҳали кори худам дар сафорат будам.»