Вазорати хориҷаи Эрон: Иқдомоти террористӣ шикасти тармимнопазири Исроилро ҷуброн намекунад
(last modified Wed, 03 Apr 2024 04:52:14 GMT )
Апрел 03, 2024 09:52 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Эрон: Иқдомоти террористӣ шикасти тармимнопазири Исроилро ҷуброн намекунад

Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба инки иқдомоти террористӣ, шикасти тармимнопазири Исроил дар “Тӯфони Ал Ақсо”-ро ҷуброн намекунад, таъкид кард: Теҳрон ҳаққи машрӯъи худро барои посухи қотеъ ба иқдоми террористии ҳамла ба сохтумони бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро маҳфӯз медонад.

Ба гузориши идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии вазорати умури хориҷа, вазорати умӯри хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар баёнияе ҳамлаи мушакӣ ба сохтумони бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро маҳкӯм ва аз Созмони Милали Муттаҳид бавижа Шӯрои амният хост дар масири муқобила бо эъмоли мутахаллифона ва ноқизи муқаррароти байналмилалии режими саҳюнистӣ, ки таҳдидкунандаи сулҳу амнияти байналмилалӣ аст, вокуниши лозиму сареъро дошта бошад.

Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳушдор дод: Ҷумҳурии Исломии Эрон муқтадирона ва дар камоли ҳикмату дироят, режими мутаҷовизи саҳюнистиро аз ҷинояти ҷадиди худ пушаймон хоҳад кард ва ин режими ҷаълӣ бо тавассул ба ин гуна ҷиноёти дадманишона, ҳаргиз аз шикасти маҳтум наҷот нахоҳад ёфт.

Дар ин баёния таъкид шудааст: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимояти шарофатмандонаи худ аз ҳуқуқи табиӣ ва қонунии миллати Фаластин заррае ақибнишинӣ нахоҳад кард.