Рушди беш аз 36 дарсадии транзит аз масири Эрон
(last modified Wed, 03 Apr 2024 12:31:27 GMT )
Апрел 03, 2024 17:31 Asia/Dushanbe
  • Транзит аз масири Эрон афзоиш ёфт
    Транзит аз масири Эрон афзоиш ёфт

Гумруки Эрон эълом кард, транзит аз масири Эрон дар соли 1402 шамсӣ бо 36. 52 дарсад афзоиш, ба рақами 17 миллиону 790 ҳазор тон расид.

Бештарин мизони транзити хориҷӣ дар ин муддат аз мабдаи гумруки минтақаи вижаи шаҳид Раҷоӣ ба мизони 5 миллиону 170 ҳазор тон анҷом гирифт, ки 36. 9 дарсад нисбат ба моқабл рушд нишон медиҳад.

Пас аз гумруки минтақаи вижаи шаҳид Раҷоӣ, гумрукоти Парвизхону Бошмоқ ба тартиб бо 3 миллиону 950 ҳазор тон ва як миллиону 938 ҳазор тон дар байни гумрукоти умдаи мабдаи транзит, бештарин мизони транзити хориҷиро ба худ ихтисос доданд.

Ин гузориш ҳокист, дар соли 1402 шамсӣ транзит аз мабдаи гумруки Парвизхон 368 дарсад ва аз мабдаи гумруки Бошмоқ 57 дарсад афзоиш доштааст.

Бар асоси ин гузориш, гумруки Бозаргон бо анҷоми ташрифоти транзити як миллиону 188 ҳазор тон, гумруки Сарахс бо 723 ҳазор тон, Билесавор бо 674 ҳазор тон, Астара бо 549 ҳазор тон, Ҷулфо бо 542 ҳазор тон, Бандари Линга бо 482 ҳазор тон ва гумруки минтақаи вижаи иқтисодии Астара бо 456 ҳазор тон дар байни гумрукоти умдаи мабдаи транзит дар радаҳои чаҳорум то даҳум қарор гирифтанд.