Таъкиди раиси Ҷумҳурии Эрон бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ бо Ироқ
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон , бар густариши ҳамкориҳои ду ҷониба ва минтақаии Теҳрону Бағдод таъкид кард .
Ба гузориши Ирно , « Сайид Иброҳими Раисӣ » раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ « Муҳамад Шиа Ал-Судонӣ » нахуствазири Ироқ бо қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардии давлати Ироқ бо давлату миллати Эрон ва ҳамчунин судӯри баёния дар маҳкумияти иқдоми террористии режими наслкуши Исроил дар ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Сурия , ин ҷиноятро нақзи ошкори аслии масунияти амокин ва персонели дипломотик ва консулӣ ва ҳамла ба ду асли муҳими дипломаси ва сулҳи байналмилалӣ хонд .
Раисӣ мавзеи муштараки зидди режими ғосиби саҳюнистиро аз ҷилваҳои ҳамбастагии ду миллати Эрону Ироқ унвон кард ва бо қадрдонӣ аз мавозиъи муҳкам ва қотеъи давлати Ироқ дар ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластин , бар зарурати иттихози ин мавозиъ аз сӯи ҳамаи кишварҳои исломӣ таъкид кард .
«Муҳамад Шиа Ал-Судонӣ » ҳам бо таслияти шаҳодати сарлашкари посдор « Муҳаммадризои Зоҳидӣ »ва ҷамъе аз ҳамразмонш дар ҳамлаи террористии режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Сурия , ин иқдоми ҷинояткоронаро ношӣ аз шикастҳои муфтазеҳона ва пай дар пайи ин режими ҷинояткор аз ҷараёни муқовимат дар минтақа донисту иброз итминон кард бо роҳбариҳои иззатмандонау ва муқтадиронаи Ҷумҳурии Исломии Эрон , пирӯзии қатъӣ ва ниҳоӣ аз они муқовимати исломӣ хоҳад буд .