Апрел 07, 2024 14:07 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири умурхориҷаи Эрон ба Уммон
    Сафари вазири умурхориҷаи Эрон ба Уммон

Вазири умури хориҷаи Эрон барои дидор ва гуфтугу бо мақомоти олирутбаи Уммон дар садри ҳайати Теҳронро ба мақсади Масқат тарк кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон имруз якшанбе ба манзури дидору ройзани бо мақомоти олирутбаи Уммон ва бо бадарғаи сафири ин кишвар дар Теҳрон, озим Масқат шуд.

Гуфтугу дар хусуси масоили мавриди алоқаи ду ҷониба, мавзӯъоти муртабит бо рушди ҳамкориҳои байни ду кишвар ба вижа дар ҳавзаи афзоиши табодулоти тиҷорӣ ва албата баррасии муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ аз меҳварҳои гуфтугуҳои вазири умури хориҷаи Эрон дар сафар ба Уммони эълом шуда аст.

Равобити Эрон ва Уммон дар чанд даҳаи ахир ба рағми танишҳои дар халиҷи Форс ва талоши Амрико барои ташдиди Эронҳаросӣ ҳамвора равобити мубтани бар эҳтиром ва манофеи мутақобил буда аст.

Мақомот уммонӣ муътақиданд, равобити наздик бо Эрон бар мабнои воқеъгароӣ буда ва Эронро як ҳамсоя бузург медонанд.

Барчасп