Апрел 08, 2024 11:39 Asia/Dushanbe
  • Имрӯз; Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ дар Эрон

Имрӯз душанбе (ҳаштуми апрели 2024) ба поси қадрдонӣ аз талошҳои ифтихоромези донишмандони ҳастаии Эрон дар такмили чархаи сӯхти ҳастаӣ, “Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ” номгузорӣ шудааст.

Донишмандони эронӣ дар чунин рӯзе дар соли 2006 муваффақ ба тавлиди чархаи комили сӯхти ҳастаӣ дар миқёси озмоишгоҳӣ шуданд.

Бо эъломи хабари муваффақияти донишмандону мутахассисони эронӣ дар заминаи дастёбӣ ба фанноварии ғанисозии уран ва роҳандозии як занҷираи комили ғанисозӣ тавассути сентрифугаҳои сохти Эрон ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар зумраи кишварҳои соҳиби технологӣ дар ғанисозии уран дар арсаи фаъолиятҳои сулҳомез қарор гирифт.

Имрӯз, Эрон бо ифтихор ва сарбаландӣ болотарин мизони рушд дар тавлиди илмро дорад ва дар арсаҳое ҳамчун тавлиду таксири селлулҳои бунёдӣ, фанноварии Нано ва дар тавлиди анвоъи радиодоруҳо бо истифода аз дониши ҳастаӣ дар шумори кишварҳои бархӯрдор аз донишҳои навини ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Дар арсаи дониши ҳастаӣ, акнӯн бо густариши беш аз пеши тавлидоту хадамоти марбут ба бахши пизишкии ҳастаӣ бахши қобили таваҷҷуҳе аз ниёзҳои доруии марокизи дармонӣ ва беҳдоштии кишвар таъмин мешаваду фаъолиятҳо дар бахшҳои мавриди ниёз бо суръат дар ҳоли анҷом аст.

Донишмандони ҳастаии Эрон, дар солҳои ахир муваффақ шудаанд, анвоъи маҳсӯлоти пармасрафро, ки мавриди ниёзи марокизи илмӣ ва таҳқиқотии кишвар аст, тавлид кунанд.

Тавсеаи рӯзафзӯни дастовардҳои ин санъати роҳбурдӣ, акнӯн бо тамоми тавон дар ҳавзаҳои мухталиф дар дастури кори талошгарони арсаи дониши ҳастаӣ қарор дорад.

Муҳаммади Исломӣ, муовини раисиҷумҳур ва Раиси созмони энержии атомии Эрон дар паёме фаро расидани “Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ”-ро барги заррини ҳосили талошҳои шабонарӯзӣ ва бевақфаи андешмандонеи хушном ва ҷиҳодгарони тавсеаи илму фанноварӣ дар санъати ҳастаии кишвар донист.

 

Барчасп