Эрон мизбони аввалин конфаронси байналмилалии энержии ҳастаӣ
(last modified Mon, 08 Apr 2024 13:00:14 GMT )
Апрел 08, 2024 18:00 Asia/Dushanbe

Раиси созмони энержии атомии Эрон аз мизбонии аввалин конфаронси байналмилалии энержии ҳастаӣ дар Эрон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузорӣ Эрон Пресс Муҳамади Исломӣ раиси созмони энержии атомии Эрони имруз душанбе дар нишаст хабарӣ ба муносибати рузи миллии фанноварии ҳастаӣ гуфт, аввалин конфаронси байналмилалии энержии ҳастаӣ 5 ва 6 май соли 2024 дар Исфаҳон, маркази Эрон баргузор мешавад то рафтори золимонаи зидди барномаи ҳастаӣ Эронро ривоят кунад.

Имруз душанбе 8 аврели соли 2024 ба поси қадрдонӣ аз талошҳои ифтихоромези донишмандони ҳастаӣ Эрон дар такмили чархаи сухти ҳастаӣ  рузи миллии фанноварии ҳастаӣ номгузори шуда аст.

Донишмандони эронӣ дар чунин рузи дар соли 2006 муваффақ ба тавлиди чархаи комили сухти ҳастаӣ дар миқёс озмоишгоҳи шуданд.

Бо эъломи хабари муваффақияти донишмандон ва мутахассисони эронӣ дар заминаи дастёби ба фанноварии ғанисозӣ ураниюм ва роҳандозии як занҷираи комили ғанисози тавассути сентрифугаҳои сохти Эрон ба ожонси байналмилалии энержии атомӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон дар зумраи кишварҳои соҳиби технология дар ғанисозии ураниюм дар арсаи фаъолиятҳои сулҳомез қарор гирифт.

Имруз Эрон бо ифтихор ва сарбаланди болотарин мизони рушд дар тавлиди илмро дорад ва дар арсаҳои ҳамчун тавлид ва таксири селлулҳои бунёдӣ, фанноварии нано ва дар тавлиди анвоъи радиодоруҳо бо истифода аз дониши ҳастаӣ дар шумори кишварҳои бархурдор аз донишҳои навини ҷаҳони қарор гирифта аст.